Сойбург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Нил Ҳорбисун як фаъоли сойбург ва бунёнгузору раиси Бунёди Сойбург

Сойбург (аз англ. cyborg (/ˈsb[unsupported input]ɡ/), ихтисораи «cybernetic organism»), киборг — дар тибб — организми биологии дорои ҷузъҳои механикӣ ё электронӣ, дурагаи мошину инсон.

Таърих[вироиш]

Консепсияи одам-мошин ҳамеша ҳамчун тасвире дар ривоят ва эҷодкорӣ мавҷуд буд, сар карда аз бузургҷуссаи сунъии Талос аз афсонаҳои юнонӣ то Ҳанси Оҳанин аз афсонаи бародарон Гримм бо ҳамон ном ба итмом мерасад. Дар адабиёти англис, асосгузори ғояи илмии шахсе, ки ҷузъҳои механикӣ дорад, Эдгар Аллан По ҳисобида мешавад. Дар ҳикояи «Марде, ки пора шуд» (1843), як афсари солхӯрдаро тасвир кардааст, ки дар вақти ҷанг бо ҳиндуҳо сахт захмӣ ва маҷрӯҳ шудааст (ба истиснои бадан, як даст ва сар) ва аз протезҳо иборат аст.

  • 1987 — филм дар бораи милисаи киборг «Робокоп».
  • 1996 — Дар китоби «Рибофанк»-и Пол Ди Филиппо назарияе муаррифӣ шудааст, ки трансгенҳо — одамони аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар оянда ҷойгузини киборгҳо шуда метавонанд.

Назария[вироиш]

Афзоиши вобастагии шахс аз механизмҳо, инчунин иваз кардани узвҳо бо дастгоҳҳои механикӣ (протезҳо, имплантҳо) барои тадриҷан аз одам ба кирборг гузаштани организм мусоидат мекунад. Дар технология шахс худашро тарҳрезӣ мекунад, бино бар ин таҳаввулоти муштараки инсон ва технология дар киборг як раванди объективӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш]