Соли 2004
Зоҳир
Солҳо |
---|
2000 · 2001 · 2002 · 2003 — 2004 — 2005 · 2006 · 2007 · 2008 |
Даҳаҳо |
1980-ум · 1990-ум — 2000-ум — 2010-ум · 2020-ум |
Садаҳо |
садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2004 (ду ҳазору чорум) дар гоҳшумории мелодӣ — соли кабиса, оғоз дар рӯзи панҷшанбе. Ин 2004 соли даврони ҳозир, 4 соли ҳазораи 3, 4 соли садаи XXI, 4 соли даҳаи 1 садаи XXI, 5 соли даҳаи 2000-ум.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 4 январ — роҳбари ҳаракати миллӣ Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи призидентии Гурҷистон ғолиб омад.
- 4 январ — Марсоход MER-A (Спирит) бо муваффақият ба сайёраи Марс (сайёра) баромад.
- 19 январ — дар кинофестивали «Санденс» намоиши нахустини филми «Пила: Бозӣ барои муборизаи ҳаёт (филм)»
- 27 январ - нусхаи Википедияи Тоҷикӣ, Донишномаи электронӣ бо забони тоҷикӣ таъсис ёфтааст.
- 22-уми апрел —Дар натиҷаи барҳамхӯрии ду қатора ва таркиши баъди он ба вуқӯъ пайваста дар шаҳри Йончхон (Кореяи Шимолӣ) тақрибан 150 нафар одамон фавтиданд.
- 1 май — Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта , Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо дохил шуданд.
- 16 май — дар 49-ум озмуни мусиқавии байналхалқӣ «Евровидение» ҷои аввалро овозхони Украина Руслана Лижичко ишғол намуд.
- 17 май —Дар иёлоти Массачусетс аҳди никоҳи якҷинсаҳо иҷозат дода шуд.
- 13 июн — дар Парлумони Аврупо Иттиҳоди Аврупо интихобот баргузор гардид. Ғолибиятро намояндагони блоки ҳизби консерваторҳо ба даст овард (зиёда аз 250 овоз). Ҷои дуюмро бошад блоки ҳизбҳои сотсиалистӣ ишғол намуд (қариб 200 овоз). Ба Парлумони Аврупо намояндагони дигар гурӯҳои ҳизбӣ низ интихоб шуданд.
- 17 июн — дар як вақт ду гурӯҳи татқиқотӣ новобаста аз ҳамдигар бори аввал телепортатсияи квантии атомҳоро баровардан.
- 21 июн — бори якум дар дунё киштии кайҳонии шахсӣ «SpaceShipOne» ба кайҳон баромад.
- 1 июл — Тачҳизоти кайҳонии Кассинӣ-Гюйгенс баъди 7 соли сайру гашт ба системаи Зуҳал (сайёра) расид ва ба тадқиқоти давра, сайёраҳо ва магнитосфераи Зуҳал шурӯъ кард.
- 4 июл — Дар шаҳри Лиссабони Португалия бозии ниҳойии Чемпионати Аврупо оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин бозӣ тимҳои футболи Португалия ва Юнон бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Тими Юнон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
- 21 июл — дар 17 конфронс оид ба НУН (назарияи умумии нисбият ва гравитатсия), ки дар шаҳри Дублини Ирландия баргузор гардид, астрофизик Стивен Хокинг бо маърӯзаи худ барои ҳалли мушкилоти "нобудшавии маълумот дар шикофии сиёҳ" баромад кард, ки 30 сол боз ҳалли худро наёфта буд.
- Август — дар шаҳри Москав сохтмони меҳмонхонаи боҳашамати «Москва» ба анҷом расид, ки солҳои 30-ми асри XX сохта шуда буд.
- 24 август — тақрибан дар як вақт, дар Русия ду тайёраи мусофирбар ба садама дучор шуданд: Ту-154Б2 тайёраи авиакомпанияи «Сибир», ки аз фурудгоҳи Домодедовои (Москав) ба Сочӣ парвоз мекард, (дар вилояти Ростов ба садама дучор гардид, ки 51 нафар одамон ҳалок шуданд, ва тайёраи Ту-134а-и авиакомпанияи "Волга-Авиаэкспресс",аз аэропорти Домодедовои (Москав) ба Волгоград парвоз мекард, (дар вилояти Тулск ба садама дучор гардид,ки 42 нафар одамон ҳалок шуданд). Кофтукоб маълум намуд, ки дар ҳар дуи садама амалиёти терррористӣ аз тарафи занҳои қотил ба вуқӯъ пайвастааст.
- 31 август — амали террористӣ дар шабакаи метрои «Рижская» дар Москав аз тарафи террористон ба вуқӯъ пайваст. Дар инҷо низ қотилзан гунаҳгор аст. На камтар аз 10 нафар одамон ҳалок шуданд.
- 1 сентябр — террористон бинои мактаби шаҳри Бесланро ( Осетияи Шимолӣ муҳосира намуданд.
- 21 сентябр — сохтмони аз ҳама бинои балантарин дар дунё — Бурҷи Дубай ба кори худ шурӯъ кард.
- 31 октябр — рӯзи интихоботи президенти кишвар дар Украина. Ба давраи дуввум интихобот Виктор Юшенко ва Виктор Янукович баромаданд.
- 2 ноябр — интихоботи президенти кишвар дар ИМА: ду номзад:президенти кунунӣ Ҷорҷ Буш ва сенатор Ҷон Кэррӣ (en:John Kerry). Дар ин интихобот Ҷорҷ Буш ғолиб омад.
- 21 ноябр — давраи дуюми интихоботи Украина баргузор гардид: сарвазири кунунӣ Виктор Янукович (49 %) ва Виктор Юшенко (46 %) овоз гирифтанд.
- 21-22 ноябр — саммити созмони Ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором дар Сантиягои (Чилӣ баргузор гардид.
- 22 ноябр — Дар Украина «Инқилобӣ норанҷӣ» сар шуд.
- 24 ноября — дар шаҳри Санкт-Петербург кушодашавии тантанавии бинои нави Консули Генералии Финляндия баргузор гардид.
- 26 декабр — Заминҷунбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба вуқӯъ пайваст, ки калонтарин заминҷунбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи сунамӣ тақрибан 230 ҳазор одамон ҳалок шуданд.
- 26 декабр — дар натиҷаи даври сеюми интихоботи президент дар Украина пешвои мухолифин Виктор Юшенко ғолиб омад.
Зодрӯзҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Боз нигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2004
Даргузаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Боз нигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2004
- 10-уми феврал — Сергей Аверинтсев — филологи барҷастаи рус.
- 9-уми май — Аҳмад Қадиров — президенти Ҷумҳурии Чеченистон, ки дар натиҷаи амали террористӣ ҳалок гардид.
- 5-уми июн — Роналд Рейган, президенти 40-ми ИМА.
- 10-уми июн — Рэй Чарлз, мусиқанавози америкоӣ.
- 17-уми июн — Ясек Курон, сиёсатмадор ва арбоби давлатии Полша.
- 3-юми июл — Андриян Николаев — кайҳонаварди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ.
- 15-уми июл — Ҷарлз Суинӣ, лётчики америкоие, ки бмбаи атомиро ба шаҳри Нагасакии Ҷопон, дар соли 1945 партофта буд.
- 2-уми август — Анрӣ Картӣе-Брессон,, аксбардори бузурги фаронсавӣ.
- 12-уми август — Алексей Леонтев, равоншинос ва забоншиноси рус.
- 14-уми август — Чеслав Милош, шоири лаҳистонӣ, барандаи ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1980.
- 18-уми сентябр — Клара Румянова, ҳунарманди рус.
- 24-уми сентябр — Франсуаза Саган, Нависандаи Фаронсавӣ (с.тав. 1935).
- 8-уми октябр — Жак Деррида, файласуф ва адиби Фаронсавӣ.
- 11-уми ноябр — Ёсир Арафот — намоёнтарин арбоб ва сиёсатмадори радикалӣ нимаи дуюми асри XX , ки мақсадаш аз байнбарии Изроил ва сохтани давлати Фаластин буд.
- 30-уми ноябр — Алексей Хвостенко, шоири рус.
- 10-уми декабр — Раднэр Муратов, ҳунарманд, Артисти хизматнишондодаи РСФСР (с.тав 1928).
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба физика — Дэвид Гросс (David J. Gross), Дэвид Политсер (H. David Politzer), Франк Вилчек (Frank Wilczek)
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба химия — Аарон Сехановер, Абрам Гершко ва Ирвин Роуз.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба тандурустӣ — Ричард Эксел, Линда Бак.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба иқтисодӣ — Финн Кидланд, Эдвард Прескотт.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба адабиёт — Элфрида Елинек.
- Ҷоизаи Нобелии сулҳ — Вангарӣ Маатаӣ.