Сомонаи тавсиягар
Сомонаи тавсиягар, сомонаи пешниҳодгар (англ. recommender system, вожаи сомона гоҳе бо платформа, алгоритм ё муҳаррик ҷойгузин мешавад) — як навъи низоми филтркунии иттилоот мебошад, ки унсурҳоеро пешниҳод мекунад, ки барои як корбари мушаххас аз ҳама мувофиқанд.[1]
Арзиши чунин сомонаҳо махсусан дар ҳолатҳое равшан мешавад, ки корбар бояд аз байни шумораи зиёди интихобҳо — масалан, маҳсулот, расона ё муҳтаво — интихоб анҷом диҳад. Платформаҳои бузурги шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти стримингӣ аз сомонаҳои тавсиягар истифода мебаранд, ки бо такя ба омӯзиши мошинӣ рафтор ва афзалиятҳои корбаронро таҳлил карда, ҷараёнҳои муҳтавои фардисозишударо фароҳам меоранд.[2]
Одатан, тавсияҳо ба равандҳои гуногуни қабули қарор марбутанд, аз ҷумла интихоби маҳсулот, интихоби мусиқӣ ё манбаи хабарӣ барои мутолиа. Татбиқи сомонаҳои тавсиягар хеле фарогир аст. Намунаҳои маъмул иборатанд аз эҷоди плейлист барои хадамоти видео ва мусиқӣ, пешниҳоди тавсияҳои маҳсулот дар платформаҳои тиҷорати электронӣ ва тавсияи муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва веби кушода.[3][4]
Ин сомонаҳо метавонанд бо як навъи дода (масалан, мусиқӣ) ё бо чанд манбаъ аз платформаҳои гуногун, аз ҷумла хабарҳо, китобҳо ва дархостҳои ҷустуҷӯ, фаъолият кунанд. Ғайр аз ин, сомонаҳои тавсиягари маъруф барои соҳаҳои мушаххас, ба мисли тарабхонаҳо ва хадамоти шиносоии онлайн, низ таҳия шудаанд. Сомонаҳои тавсиягар ҳамчунин барои ҷустуҷӯ ва кашфи мақолаҳои илмӣ ва коршиносон,[5] ҳамкорон,[6] ва хадамоти молиявӣ низ истифода мешаванд.[7]
Платформаи кашфи муҳтаво як нармафзори платформавӣ мебошад, ки аз абзорҳои сомонаи тавсиягар истифода мекунад. Он бо истифода аз додаҳои корбар муҳтавои мувофиқро муайян ва пешниҳод намуда, ҳамзамон хароҷоти нигоҳдорӣ ва рушдро коҳиш медиҳад. Платформаҳои кашфи муҳтаво муҳтавои фардисозишударо ба сомонаҳо, дастгоҳҳои мобилӣ ва приставкаҳои телевизионӣ мерасонанд. Имрӯз доираи васеи чунин платформаҳо барои намудҳои гуногуни муҳтаво, аз мақолаҳои хабарӣ ва маҷаллаҳои илмӣ[8] то телевизион вуҷуд дорад.[9]
Шарҳи умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сомонаҳои тавсиягар одатан аз филтркунии ҳамкорона ва/ё филтркунии бар асоси муҳтаво истифода мебаранд, инчунин метавонанд унсурҳои низомҳои донишбунёд дошта бошанд. Филтркунии ҳамкорона бо такя ба рафтори қаблии корбар (масалан, харидҳо ё баҳогузорӣ) ва қарорҳои корбарони монанд модел месозад ва бар асоси он тавсия пешниҳод мекунад.[10] Филтркунии бар асоси муҳтаво бошад, хусусиятҳои қаблан тамғагузоришудаи як унсурро истифода бурда, унсурҳои монандро тавсия медиҳад.[11]
Мисол
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарқияти байни филтркунии ҳамкорона ва бар асоси муҳтаворо метавон бо муқоисаи ду сомонаи аввалини тавсиягари мусиқӣ — Last.fm ва Pandora Radio — нишон дод.
- Last.fm бо мушоҳидаи одатҳои шунидани корбар ва муқоисаи он бо дигар корбарони монанд сурудҳо пешниҳод мекунад. Ин намунаи филтркунии ҳамкорона мебошад.
- Pandora бошад, аз хусусиятҳои суруд ё ҳунарманд истифода мебарад (бар асоси Music Genome Project) ва мисоли равиши бар асоси муҳтаво аст.
- Дар тиҷорати электронӣ, хусусияти машҳури Amazon «харидорони X ҳамчунин Y-ро харидаанд» намунаи классикии филтркунии ҳамкорона мебошад.
Ҳар як навъи сомона бартарӣ ва маҳдудиятҳои худро дорад. Масалан, Last.fm барои тавсияҳои дақиқ ба маълумоти зиёди корбар ниёз дорад, ки ба мушкили оғози сард марбут аст.[12] Дар ҳоле ки Pandora бо маълумоти кам оғоз мекунад, аммо доираи тавсияҳояш маҳдудтар аст.
Татбиқҳои алтернативӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сомонаҳои тавсиягар алтернативаи муфид ба алгоритмҳои ҷустуҷӯ мебошанд, зеро онҳо ба корбарон дар кашфи унсурҳое кумак мекунанд, ки шояд ба таври мустақим пайдо намекарданд. Дар баъзе баҳсҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла парвандаи Gonzalez бар зидди Google LLC, фарқи байни алгоритмҳои ҷустуҷӯ ва тавсия мавриди баҳс қарор гирифтааст.[13]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Элейн Рич соли 1979 аввалин сомонаи тавсиягарро бо номи Grundy эҷод кард.[14][15] Ӯ роҳеро меҷуст, то ба корбарон китобҳое тавсия диҳад, ки эҳтимол писандашон меоянд. Андешаи ӯ сохтани сомонае буд, ки ба корбарон саволҳои мушаххас медиҳад ва онҳоро вобаста ба ҷавобҳояшон ба синфҳои афзалиятҳо ё «қолабҳо» (stereotypes) ҷудо мекунад. Баъдан, вобаста ба тааллуқ доштани корбар ба ин ё он «қолаб», ба ӯ китобҳое тавсия дода мешуд, ки эҳтимол маъқул мешаванд.
Яке аз сомонаҳои барвақтии дигар, ки бо номи «рафи рақамии китоб» (digital bookshelf) ёд мешавад, дар гузориши техникии соли 1990 аз ҷониби Юсси Карлгрен дар Донишгоҳи Колумбия тавсиф шудааст,[16] ва аз соли 1994 ба баъд дар миқёси васеъ татбиқ шуда, дар гузоришҳо ва нашрияҳои техникӣ аз ҷониби Юсси Карлгрен (он вақт дар SICS) ва низ аз ҷониби гурӯҳҳои таҳқиқотии таҳти роҳбарии Пэтти Мейс дар MIT,[17] Уилл Ҳилл дар Bellcore,[18] ва Пол Резник (ҳамчунин дар MIT)[19][20] густариш ёфт. Кори онҳо вобаста ба GroupLens соли 2010 бо ҷоизаи ACM Software Systems Award қадрдонӣ гардид.
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]- Радикализатсияи алгоритмӣ
- Конфронси ACM оид ба сомонаҳои тавсиягар
- Оғози сард
- Филтркунии ҳамкорона
- Ҳуши дастаҷамъӣ
- Танзимгар
- Модератсияи муҳтаво
- Ҳубоби иттиолотӣ
- Низоми филтркунии иттилоот
- Инфирори иттилоот
- Хадамоти мониторинги расона
- Шинохти намунаҳо
- Маркетинги фардисозишуда
- Ҷустуҷӯи фардисозишуда
- Ошкорсозии афзалиятҳо
- Ёбандаи маҳсулот
- Сомонаи баҳогузорӣ
- Идоракунии эътибор
- Низоми эътибор
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (2022) «A systematic review and research perspective on recommender systems». Journal of Big Data 9 (59). doi:10.1186/s40537-022-00592-5.
- ↑ Twitter/The-algorithm. GitHub.
- ↑ Gupta, Pankaj; Goel, Ashish; Lin, Jimmy; Sharma, Aneesh; Wang, Dong; Zadeh, Reza (2013). "WTF: the who to follow service at Twitter". Proceedings of the 22nd International Conference on World Wide Web. Association for Computing Machinery. pp. 505–514. ISBN 9781450320351. doi:10.1145/2488388.2488433.
- ↑ (2018-06-01) «A capable multimedia content discovery platform based on visual content analysis and intelligent data enrichment». Multimedia Tools and Applications 77 (11): 14077–14091. doi:10.1007/s11042-017-5014-1.
- ↑ H. Chen, A. G. Ororbia II, C. L. Giles ExpertSeer: a Keyphrase Based Expert Recommender for Digital Libraries, arXiv preprint, 2015
- ↑ Chen, Hung-Hsuan; Gou, Liang; Zhang, Xiaolong; Giles, Clyde Lee (2011). "CollabSeer: a search engine for collaboration discovery" (PDF). Proceedings of the 11th Annual International ACM/IEEE Joint Conference on Digital Libraries. Association for Computing Machinery. pp. 231–240. ISBN 9781450307444. doi:10.1145/1998076.1998121.
- ↑ Felfernig, Alexander; Isak, Klaus; Szabo, Kalman; Zachar, Peter (2007). "The VITA Financial Services Sales Support Environment" (PDF). Proceedings of the 19th National Conference on Innovative Applications of Artificial Intelligence. pp. 1692–1699. ISBN 9781577353232.
- ↑ (2014-09-03) «How to tame the flood of literature». Nature 513 (7516): 129–130. doi:10.1038/513129a.
- ↑ Netflix Revamps iPad App to Improve Content Discovery. WIRED (14 Декабри 2011).
- ↑ Melville, Prem; Sindhwani, Vikas (2010). "Encyclopedia of Machine Learning". Encyclopedia of Machine Learning. Springer. pp. 829–838. doi:10.1007/978-0-387-30164-8_705.
- ↑ R. J. Mooney; L. Roy (1999). Content-based book recommendation using learning for text categorization. Workshop on Recommender Systems.
- ↑ Recommender Systems Handbook. Springer. 2016.
- ↑ What's the Difference Between Search and Recommendation? (16 октябри 2023).
- ↑ BEEL, Joeran, et al. Paper recommender systems: a literature survey. International Journal on Digital Libraries, 2016, 17. Jg., Nr. 4, S. 305—338.
- ↑ RICH, Elaine. User modeling via stereotypes. Cognitive science, 1979, 3. Jg., Nr. 4, S. 329—354.
- ↑ Karlgren, Jussi. "An Algebra for Recommendations.Бойгонӣ шудааст {{{2}}}.. Syslab Working Paper 179 (1990). "
- ↑ Shardanand, Upendra, and Pattie Maes. «Social information filtering: algorithms for automating „word of mouth“.» In Proceedings of the SIGCHI conference on Human factors in computing systems, pp. 210—217. ACM Press/Addison-Wesley Publishing Co., 1995.
- ↑ Hill, Will, Larry Stead, Mark Rosenstein, and George Furnas. «Recommending and evaluating choices in a virtual community of use Бойгонӣ шудааст 21 Декабри 2018 сол..» In Proceedings of the SIGCHI conference on Human factors in computing systems, pp. 194—201. ACM Press/Addison-Wesley Publishing Co., 1995.
- ↑ Resnick, Paul, Neophytos Iacovou, Mitesh Suchak, Peter Bergström, and John Riedl. «GroupLens: an open architecture for collaborative filtering of netnews Бойгонӣ шудааст 7 марти 2023 сол..» In Proceedings of the 1994 ACM conference on Computer supported cooperative work, pp. 175—186. ACM, 1994.
- ↑ Resnick, Paul, and Hal R. Varian. «Recommender systems.» Communications of the ACM 40, no. 3 (1997): 56-58.