Сомониён (деҳа, н. Ҳамадонӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Сомониён
Мактаби № 9, деҳаи Сомониён
Мактаби № 9, деҳаи Сомониён
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҳамадонӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ Метантуғай
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5300 тан (2020)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Сомониён (то соли 2013 Метантуғай[1]) — деҳа ва маркази Ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Сомониён то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 5300 нафар (2020), тоҷикон.

Деҳа дар соҳили дарёи Панҷ ва ариқи Деҳқон ҷойгир шудааст. Номи пешинааш Метантуғай буд, аз 11 декабри соли 2012 ивази ном кардааст ва ҳоло Сомониён ном дорад. Деҳа ба шарафи давлатдории Сомониён гузошта шудааст.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Шумораи аҳолии деҳаи Сомониён дар соли 2020 аз 5300 нафар, аз он ҷумла:

  • мардон 2795
  • занон 2505

Дар соли 2010 аз 4365 нафар ва дар соли 1981 аз 2880 нафар иборат буд.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, китобхона, беморхона ва хонаи фарҳанг дорад. Мардум асосан ба кишт ва парвариши шолӣ, пахта, полезиҳо ва чорво машғуланд. Заминҳои ин деҳа аз дарёи Панҷ, бо ариқи Деҳқон обёрӣ мешаванд.

  • Шумораи хоҷагиҳо 604 адад.
  • Миқдори заминҳои наздиҳавлигӣ 67 га.
  • Миқдори заминҳои ёрирасони шахсӣ 68,65 га.
  • Шумораи хоҷагиҳои деҳқони 193.[2]
Мактаби № 9, деҳаи Сомониён

Кӯчаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаи Сомониёни ноҳияи Ҳамадонӣ аз кӯчаҳои зерин иборат аст:

  • кӯчаи Сарҳадчиён (ба хотири кӯчаи наздисарҳади буданаш)
  • кӯчаи Толиб Роибов (ба шарафи аввалин раиси Деҳоти Турдиев. Пештар кӯчаи ба номи Ленин)
  • кӯчаи Ганҷавӣ (ба шарафи Низомии Ганҷавӣ)
  • кӯчаи Зебиниссо (ба шарафи Зебиниссо)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]