Сон Кан Ҳо
куриёӣ: 송강호 | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 17 январ 1967 (58 сол) |
Зодгоҳ: | Кимҳэ, Кёнсан-Намдо, Куриёи Ҷанубӣ |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи театр |
Корнома: | 1991 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0814280 |
![]() |
Сон Кан Ҳо, Сон Ганҳо (кур. 송강호?, 宋康昊? [soŋ.ɡɐŋ.ɦoː]; тав. 17 январи 1967, Кимҳэ, Кёнсан-Намдо, Куриёи Ҷанубӣ) — ҳунарпешаи куриёӣ. Ӯ бештар бо филмҳои: «Минтақаи амнияти муштарак» (2000), «Ман интиқом мегирам» (2002), «Хотираҳои куштор» (2003), “Gwoemul” (2006), «Таншнагӣ» (2009), «Туфайлӣ» (2019) маъруф аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сон Кан Ҳо 17 январи соли 1967 дар Кимҳэ музофоти Кёнсан-Намдо таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи Кимҳэро хатм кардааст ва аз соли дуюм дар мактаби миёнаи Гарак орзуи актёр шуданро пайдо кард. Дар он вақт дар мамлакат ҳамагй панҷ шуъбаи театр ва синамо мавҷуд буд. Бо вуҷуди он ки як маротиба аз имтиҳони дохилшавӣ ноком шуд, ниҳоят дар Донишгоҳи Миллии Кёнсан дар Бусон таҳсил кард. Вале дере нагузашта ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Пас аз анҷоми хидмат, Сон ба коллеҷ барнагашт ва ба ҷои он дар синни 23-солагӣ ба як ширкати театрӣ дар Бусон ҳамроҳ шуд.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Сон Кан Ҳо ҳеҷ гоҳ дар соҳаи ҳунар нахондааст, аммо баъд аз мактаб дар гурӯҳҳои театри иҷтимоӣ бозӣ мекард. Сипас ӯ ба ширкати бонуфузи театрии Ки Кук Со ҳамроҳ шуд, ки ба актёрӣ ва импровизатсияи инстинктивӣ таъкид мекард, ки асоси заминаи актёрии Сонро ташкил медод. Ҳарчанд ба ӯ зуд-зуд нақшҳои филмӣ пешниҳод мешуданд, то он даме, ки розӣ нашуд, ки дар филми «Рӯзе, ки хук ба чоҳ афтод» (соли 1996)-и коргардон Ҳон Сансу нақш бозид. Пас аз як сол, бо иҷрои нақши марди бесарпаноҳ дар филми бадеии Ҳон Сансу «Синамои бад», ӯ шахсияти маъруф гашт ва пас аз иҷро нақши роҳзан дар мазҳакаи ҷиноии «№ 3» аввалин ҷоизаи худро дар бахши «беҳтарин бозигар» ба даст овард.
Аз он вақт инҷониб, ӯ якчанд нақшҳои дуюмдараҷаро бозидааст, аз ҷумла дар триллер-блокбастери «Сирӣ» (쉬리 1999)-и Кан Чже Гю. Сон аввалин нақши асосиро дар комедияи Ким Чжӣ Ун "Подшоҳи палид" (2000) бозидааст. Сон ҳамон сол нақши сержанти Кореяи Шимолиро дар «Минтақаи Амнияти муштараки» / 공동경비구역 JSA/ (2000)-и Пак Чҳан Ук иҷро намуд. Дар филми «Ман интиқом мегирам» ӯ нақши падареро бозидааст, ки дуздони духтарашро таъқиб мекард.
Соли 2002, Сон дар филми «YMCA Yagudan» дар бораи аввалин дастаи бейсболбозони Корея, ки дар аввали асри 20 таъсис ёфтааст ва дар соли 2003 дар филми "Хотираҳои куштор", ки дар асоси достони воқеии як қотили силсилавӣ асос ёфтааст, нақши асосиро бозидааст. Дар соли 2005, ӯ дар филми Пак Чҳан Ук "Kind-hearted Geum-ja" нақши хурде дошт.
Соли 2016 Сон дар филми «Ронандаи таксӣ» дар нақши Ким Ман Со, ронандаи таксӣ нақш бозидааст. Филм дар бораи як ронандаи таксӣ аз Сеул, ки нохост дар ҳодисаҳои шӯриши Кванҷу дар соли 1980 даст дорад, нақл мекунад. Он бар достони воқеии муоширати рӯзноманигори олмонӣ Юрген Ҳинтспетер бо ронанда Ким Са Бок асос ёфтааст. Филм 2 августи соли 2017 дар Кореяи Ҷанубӣ ба фурӯш бароварда шуд. Худи ҳамон рӯз ин филм нахустнамоиши байналмилалии худро дар Fantasia International Film Festival дар Монреал баргузор шуд, ки дар он ҷо Сон барои нақши худ дар филм ҳамчун "беҳтарин ҳунарпеша" мукофотонида шуд.
Дар соли 2019, Сон дар филми маъруфи интиқодӣ «Туфайлӣ" ҳамчун Ким Кӣ Тэк нақш бозид, ки онро ҳамкори доимии ӯ Пон Ҷун Ҳо низ коргардонӣ кардааст. Он дар ҷашнвораи филми Канн соли 2019 барандаи "Навдаи тилоии палма" шуд ва аввалин филми кореягӣ шуд, ки ин ҷоизаро гирифтааст. Он ҳамчун вуруди Кореяи Ҷанубӣ барои беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ дар 92-умин Ҷоизаҳои Оскар интихоб шуд, ки интихоби дуввуми Пон пас аз филми «Модар» соли 2009 буд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сон Кан Ҳо моҳи ноябри соли 1994 дар замони мушкилоти зиёди молӣ бо Ҳван Ҷан Сук, ҳунарпешаи театр издивоҷ кард. Ин ҳамсарон ду фарзанд доранд: писар Ҷун Пён ва духтараш Ҷу Ён. Писари онҳо Сон Ҷун Пён, соли таваллудаш 1996, собиқ футболбоз аст, ки бар асари захмҳо дигар бозӣ намекунад. Ҷун Пён дар мактаби ибтидоӣ бозӣ карданро оғоз кард ва бозигари дастаи Сувон Самсунг Блюуингз то синни 18-и шӯъбаи футболи мактаби миёнаи Маетан буд. Дар як мусоҳиба Ҷун Пён гуфт, "Ман дар бораи падарам ҳарф намезанам. Падарам ҳам намехост, ки ман ҳамчун футболбоз фош шавам."[1]
Соли 2005, полис Сонро ҳангоми рондани мошин дар ҳолати мастӣ дастгир кард. Иҷозатномаи ӯ барои 100 рӯз боздошта шуд[2].
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номи тоҷикӣ | Номи аслӣ | Нақш | |
---|---|---|---|---|
1997 | ф | Моҳии тиллоӣ | 초록물고기 | Пҳансу |
1997 | ф | Синамои бад | 나쁜 영화 | мусиқинавоз |
1997 | ф | №3 | 넘버 3 | Чопҳил |
1998 | ф | Оилаи ором | 조용한 가족 | Кан Ёнмин |
1999 | ф | Сирӣ | 쉬리 | Лӣ Ҷангил |
2000 | ф | Шоҳи ифлос | 반칙왕 | Тэхо |
2000 | ф | Объединённая зона безопасности | 공동경비구역 JSA | Сержант О Кёнпҳил |
2002 | ф | 복수는 나의 것 | Пак Тончжин | |
2002 | ф | Тими миллии бейсболи YMCA | YMCA 야구단 | Лӣ Хочжан |
2003 | ф | Хотирот аз куштор | 살인의 추억 | Пак Думан |
2004 | ф | Сартароши президент | 효자동 이발사 | Сон Ҳанмо |
2005 | ф | 남극 일기 | Чҳве Доҳён | |
2005 | ф | 친절한 금자씨 | одамдузди №1 (камео) | |
2006 | ф | Ҳуҷуми динозавр | 괴물 | Пак Ганду |
2007 | ф | Намоиш бояд идома ёбад! | 우아한 세계 | Кан Ингу |
2007 | ф | 밀양 | Чон Ҷан | |
2008 | ф | 좋은 놈, 나쁜 놈, 이상한 놈 | Юн Тҳэгу | |
2009 | ф | Ташнагӣ | 박쥐 | пастор Ҳён Санҳён |
2010 | ф | 의형제 | Лӣ Ҳангю | |
2011 | ф | Намаки обӣ | 푸른소금 | Дуҳан |
2012 | ф | 하울링 | Сангил | |
2013 | ф | Snow Piercer | Намгун Мин Су | |
2013 | ф | Вакил | 변호인 | Сон У Сок |
2013 | ф | 관상 | Нэ Гён | |
2015 | ф | Садо | 사도 | шоҳ Ёнджо |
2016 | ф | 밀정밀정 | Лҷ Ҷон Чҳул | |
2017 | ф | Ронанда | 택시운전사 | Чан Хун |
2019 | ф | Туфайлӣ | 기생충 | Ким Ки-Тэк |
2019 | ф | Забони кишварамон | 나랏말싸미 | шоҳ Сеҷон |
2021 | ф | Ҳолати истирорӣ[en] | 비상선언 | Ин Ҳо |
2022 | ф | 브로커 | Сан Ҳён | |
2023 | ф | 거미집 | коргардон Ким | |
2023 | ф | Мо чемпионем[en] | 1승 | мураббӣ |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 나권일. ko:송강호 아들 송준평, 알고 보니 국가대표선수 '우월한 유전자'. 한국아이닷컴 (24 июли 2013).
- ↑ ko:송강호 음주운전 면허정지 100일. mydaily (1 ноябри 2005).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 17 январ
- Зодагони соли 1967
- Зодагони Кимҳэ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Филмнома ба ислоҳкунӣ
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешамардони синамои Кореяи Ҷанубӣ
- Ҳунарпешамардони театри Кореяи Ҷанубӣ