Jump to content

Сопрано

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сопрано (ит. sopra – боло, берун аз ҳудуд) — 1) овози регистри баландтарини сурудхонии занона. Диапазони сопрано октаваи I ва II, ҳамчунин, як қисми овозҳои октаваи III -ро фаро мегирад. Дар таҷрибаи мусиқӣ 3 навъи асосии сопраноро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: драмавӣ, лирикӣ ва колоратурӣ. Дар сопранои драмавӣ хислати зичӣ, тембри якхела, баробар садобарорӣ дар ҳама диапазон ҳис карда мешавад; барои чунин овоз партияи Лиза дар операи «Пиковая дама»-и П. Чайковский, Аида дар операи ҳамноми Ҷ. Верди ва ғ. навишта шудаанд. Ба сопранои лирикӣ тембри мулоим хос дорад. сопранои колоратурӣ-овози озодест, ки дар регистри баланд (нотаҳои фа ва баъзан сол-и октаваи III) суруда мешавад. Ҳамчунин, навъҳои омехтаи ин овоз – сопранои лирикӣ – драмавӣ ва лирикӣ – колоратурӣ низ мавҷуд аст.

2) Аз ҳама овози баландтарини бачагона (дисконтистҳо) ва духтарон дар диапазони до-и октаваи I-ля-и октаваи II.

3) Баландтарин партияи овоз дар хор. 4) Навъҳои ҳархелаи баъзе созҳои му-сиқӣ бо регистри баланд (мас., трубаи сопрановӣ, саксофон ва ғ).

Овозхонони сопранои лирикӣ дар театри касбии тоҷик Раъно Ғолибова, Тӯҳфа Фозилова дар ҷумҳурӣ номбардоранд. [1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 367. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)