Стандарти байналмилалии рақамгузории китоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
EAN-13-ISBN-13.svg

Стандарти байналмилалии рақамгузории китоб (англ. International Standard Book Number, ихтисора — англ. ISBN) — рақами ягонаи нашри китоб, барои тақсим намудани китоб дар шабакаҳои савдо ва автоматикунонии корҳои интишорӣ.

ISBN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Соли 2005-ум бо мақсади муовинати фарҳангӣ ва риоя аз стандарти ҷаҳонии нашри китоб бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷумҳурии мо ба узвияти Созмони ҷаҳонии стандарти байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) пазируфта шуд. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2005, №239 ва фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.10.2005 №166 ба тасвиб расид. Бар ин асос дар заминаи Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии раққамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон» таъсис ёфт ва намояндаи ISBN дар ҷумҳурии мо ҳамин муассиса таъин гардид. Тибқи қарори боло тамоми муассисаҳои табъу нашр ва матбааҳои кишвар сарфи назар аз шакли моликият, самти фаъолият ва тобеияти идорӣ муваззаф карда шудаанд, ки минбаъд бе истифода аз ISBN китобу ҷузва ба табъ нарасонанд.

[1]


Манбаъ[вироиш]

  1. Дастури истифодаи ISBN