Владислав Стетсенко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Стетсенко Владислав Яковлевич
Таърихи таваллуд 1935(1935)
Зодгоҳ ИҶШС
Таърихи даргузашт 2007(2007)
Маҳалли даргузашт Ставропол Русия
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Донишгоҳи давлатии Ставропол (1990-2006)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997). Муҳандиси шоистаи Федератсияи Россия (2001)

Владислав Яковлевич Стетсенко(русӣ: Владислав Яковлевич Стеценко; 25 апрел 19354 январ 2006) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997), Аълочии маорифи халқи ИҶШС, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Владислав Яковлевич Стетсенко Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1958). доктори илмҳои физикаву математика (1971). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1985, ихтисос — «математика»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳлили функсионалӣ, муодилаҳои интегралӣ, иқтисодиёти математикӣ, математикаи ҳисобӣ ва амалӣ. Ассистент, муаллим, мудири кафедраи таҳлили функсионалии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1958—1965), дотсенти Институти муҳандисиву сохтмони Воронеж (1965—1966), ходими калони илмии Институти автоматика ва телемеханикаи АИ ИҶШС (1966—1968), дотсенти Донишгоҳи давлатии Воронеж (1966—1968), мудири кафедраи математикаи олии Институти технологии Воронеж (1968—1970). Мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (1970—1984), ноиби ректор оид ба корҳои таълим (1984—1987), мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии (1987—1990) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин. Мудири кафедра ва профессор-мушовири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Ставропол (1990—2006).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.