Jump to content

Субҳонҷон Давронов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Субҳонҷон Давронов
Субҳонҷон Давронов
Таърихи таваллуд 25 март 1931(1931-03-25)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1 феврал 2001(2001-02-01) (69 сол)
Маҳалли даргузашт Истаравшан
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров

Субҳонҷон Давронов (тав. 25.03.1931, деҳаи Арғуи ш. Истаравшан — ваф. 1.02.2001, ш. Истаравшан) — адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент (1975).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1948—1951 донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Уротеппа буд. Солҳои 1951—1954 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1955—1959 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров, 1959—1960 муаллими забон ва адабиёти мактаби ҳафтсолаи ш. Уротеппа, 1960—1961 лаборанти калон, 1961—1964 аспирант, 1964—1968 ходими илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, 1969—1974 муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1975—2001 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Муаллифи зиёда аз 200 асарҳо ва мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, аз ҷумла китобҳои «Поэзияи Абдулқосим Лоҳутӣ» ва «Фарҳанги тафсири истилоҳоти адабиётшиносӣ» мебошад. Дар масъалаҳои назарияи адабиёт, вазну асосҳои шеъри тоҷикӣ ва истилоҳоти адабиётшиносӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Дар давоми фаъолияти бисёрсолаи омӯзгориаш дар тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидор ҳиссаи калон гузоштааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

  • Назарияи адабиёт ва адабиёти муосир, Д., 1987;
  • Вазни ашъори Абулқосим Лоҳутӣ, Д., 1974;
  • Вазни шеъри тоҷикӣ, Д., 1985;
  • Асосҳои шеъри тоҷикӣ, Д., 1995.