Субҳон Ибодов
Субҳон Ибодов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 24 январи 1944 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 5 апрели 2025 (81 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1995) |
Субҳон Ибодов (24 январи 1944, Исфара, вилояти Суғд — 5 апрели 2025, Душанбе) — физикдон ва ахтаршиноси тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1995), узви вобастаи АМИТ (1997).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1966) ва аспирантураи он (1966—1969). Ходими илмии Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1969—1972), ходими калони илмии (1972—1989), мудири шуъбаи физикаи зузанаб (комета)-ҳо ва астероидҳо (1989—2004) ва сарходими илмии (2004-07) Ин-ти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2007 корманди шуъбаи радиоастрономияи Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штенберги назди Донишгоҳи давлатии Маскав. Муаллифи 2 рисола, беш аз 120 мақола. Узви Иттиҳоди астрономҳои Руссия (1990), Иттиҳоди астрономҳои Аврупо (1990), Кумитаи таҳқиқоти фазои кайҳон (1994) ва Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо (1997).
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти илмии Субҳон Ибодов ба масъалаҳои порашавии зузанабҳо ва астероидҳо дар назди Офтоб, ситораҳо ва атмосфераи сайёраҳо, ихроҷи гази тафсон аз фотосфераи ситораҳо пас аз бархӯрди онҳо бо зузанабҳо ва пайдо шудани мавҷҳои зарбатии пурқувват бахшида шудаанд (чунин ҳодисаҳоро дар ситораҳои навъи Beta Pictoris, ки дорои абрҳои пурқуввати сайёраҳосилкунанда мебошанд, мушоҳида кардан мумкин аст). Субҳон Ибодов собит кард, ки дар натиҷаи бархӯрди ҳастаи зузанаби миқдори полимерҳои органикиаш зиёд бо заррачаҳои боди офтобии энергияашон 3-30 МэВ таркиши дурахшони зузанаб бо энергияи 1020 эрг ба амал омада метавонад (пеш аз таркиши дурахшони зузанаб он аз рӯи афканиши гамма-нурҳо ва нурҳои рентгенӣ ошкор карда мешавад)
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳон Ибодов 5 апрели 2025 дар Душанбе даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Разряд в полом катоде как универсальный источник ионов. М., 1970;
- Физические процессы в кометах и родственных объектах. М., 1996;
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибодов Субҳон / А. Ғ. Сафаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 24 январ
- Зодагони соли 1944
- Зодагони шаҳри Исфара
- Даргузаштагони 5 апрел
- Даргузаштагони соли 2025
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони Тоҷикистон
- Ахтаршиносон аз рӯи алифбо
- Ахтаршиносони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон