Сулаймон Юдаков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Сулаймон Юдаков
Соломон (Шломо) Александрович Юдаков
Навъи фаъолият:

бастакор

Санаи таваллуд:

14 апрели соли 1916

Зодгоҳ:

Қӯқанд

Санаи марг:

8 ноябри соли 1990, Тошкент

Сулаймон (Соломон) Александрович Юдаков (1916 – 1990) – дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС), Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, муаллифи Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон, (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ) ва мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (шеъри Гулназар Келдӣ).

Зиндагинома[вироиш]

С. Юдаков соли 1916 дар шаҳри Қӯқанд таваллуд шудааст. Қобилияти мусиқии композитори оянда ҳанӯз дар овони кӯдакӣ, ҳангоме ки у тарбиятгирандаи хонаи кӯдакон буд, зоҳир мегардад. Сипас ӯ дар Москва, дар Рабфаки (факултети коргарии) мусиқии назди Консерваторияи ба номи П.И. Чайковский дар синфи Н.И. Платонов, бо тахассуси флейта таҳсил менамояд. Солҳои таҳсил ӯ нахустин опуси шогирдонаи худро «Афсонаи форсӣ» барои флейта бо фортепиано менависад. Аз соли 1935 С.Юдаков – донишҷӯи синфи композитсияи М.Ф. Гнесини Омӯзишгоҳи мусиқии назди Консерваторияи Москва. Аз соли 1938 Сулаймон Юдаков – донишҷӯи Консерваторияи Москва ба номи П.И. Чайковский, синфи композитор ва омӯзгор М.Р. Глиэр аст. Бинобар сабаби оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар курси сеюми таҳсил, яъне соли 1941 таҳсилоти касбии С.Юдаков хотима меёбад.

Эҷодиёт[вироиш]

Оғози фаъолияти эҷодии С.Юдаков ба давраи ташаккулёбии санъати мусиқии касбии миллӣ рост омад ва ӯ дар амалияи мусиқии Осиёи Миёна яке аз шахсони бонуфузи жанрҳои нав гардид. С.Юдаков аввалин шуда ба жанрҳои нав ба монанди романс, квартет, кантата муроҷиат намуда, бунёдгузори аввалин опера ва балети мазҳакавӣ мегардад. Истеъдоди композитор дар жанрҳои мусиқӣ-саҳнавӣ бараъло зоҳир мегардад. Операи мазҳакавии «Найрангҳои Майсара» (1959) ва балети «Найрангҳои Насриддин» (1977) дар таърихи санъати мусиқӣ-саҳнавӣ асарҳои муҳими марҳилавӣ гардиданд. Асарҳои номбурдаи муаллиф шаклҳои ягонаи чунин жанр дар театрҳои мусиқии мамолики Осиёи Миёна маҳсуб меёбанд. Аз нигоҳи хусусияти худ операи «Найрангҳои Майсара» халқӣ буда, ба падидаи асил табдил ёфт. Ин операро воқеъбинона «дастоварди таърихӣ» номидаанд. Балети «Найрангҳои Насриддин» дар радифи опера бори дигар аз қобилияти беинтиҳои мазҳакавии композитор, ки дорои санъати эҷодгарии мусиқии ҳаҷвӣ шарарбор аст, гувоҳӣ медиҳад. Эҷодиёти комилан миллии С.Юдаков ба ҳаёти халқи тоҷик, ки асарҳои ӯро хуб медонад ва бо меҳр онҳоро иҷро мекунад, омезиш ёфт. С.Юдаков шарафёб шуд, ки муаллифи Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ) ва баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқии ӯ мусиқии мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (шеъри Гулназар Келдӣ) гардад. Мусиқии С.Юдаков ба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои маънавӣ ва орзую омоли таърихии халқи тоҷикро инъикос намуда, руҳияи халқро баланд мебардорад. Дар эҷодиёти композитор жанри кантатӣ-ораторӣ мавқеи бузургро ишғол менамояд. Мавқеи олии граждании композитор дар асарҳои бузурги мусиқии ӯ инъикос ёфтааст. Дар солҳои 70-ум композитор боз ба асарҳои калонҳаҷми вокалӣ-симфонӣ рӯ меоварад. Аз гуногунжанрии осори С.Юдаков асарҳое, ки ӯ дар жанри кантата – «Песня о счастье» барои сароянда, хор ва оркестри симфонӣ (1939), «Ғалаба» (1945), «Гимн мира» (1986), «Дети мира» (1986) эҷод кардааст, гувоҳӣ медиҳанд. Рӯ овардани композитор ба мавзӯҳои сулҳ, хушбахтии кӯдакон тасодуфӣ набуда, дар ин росто суханони ӯ дар мусоҳибаи соли 1986-ум шаҳодат медиҳанд: «Қалби ман ҳамеша бо набзи айём якҷоя метапад. Усули эҷодии ман ҳамин тавр аст. Ман ба тантанаи хирад итминон дорам». Сулаймон Юдаков сабки «юдаковии» худро бунёд кард, ки он бо покизагӣ ва самимияти забони мусиқӣ тасхир менамояд. ӯ яке аз бузургтарин композиторон – сурудсароён аст, сурудҳои ӯ дар рушди жанри суруд нақши бузург бозидаанд. Романси ӯ «Не пой, красавица», аслан дар кишварҳои Осиёи Миёна Пушкинро кашф намуданд. Соли 1937 С.Юдакови наврас дар Озмуни романс барои романси «Не пой, красавица» ба шеъри А.С.Пушкин сазовори ҷоизаи якум гардида, дар доираи аҳли мусиқӣ маъруф мегардад. Дар суруду романсҳои композитор мо омезиши тобишҳои миллӣ бо унсурҳои умумишарқиро мушоҳида менамоем. Дар асарҳои вокалии худ композитор ба ашъори шоирони тоҷик ва заминаи оҳангҳои тоҷикӣ басо такя намудааст. Мусиқӣ ба намоишномаҳои мусиқӣ-драмавӣ, ба монанди «Светлый путь» (1951), «Шелковое сюзане» (1951), «Дочь Ганга» аз рӯи асари Р.Такур ва дигарон саршор аз ҳаётдӯстӣ ва боварӣ ба оянда мебошанд. Эҷодиёти С.Юдаков дар кишварҳои Осиёи Миёна эътибори васеъ пайдо намуд, чунки дар мусиқии ӯ суннатҳои фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ тавъам ҷамъбаст гардидаанд. Асарҳои композитор дар шаҳрҳои Москва, Таллин, Горкий, Душанбе, Уфа, Қоҳира, Ашқобод, София, Буэнос-Айрес, Лион, Лодзи ва дигар шаҳрҳои дунё иҷро гардидаанд. Сулаймон Юдаков 8 ноябри соли 1990 вафот кардааст. Сулаймон Юдаков дар хотири ҳамасрон қабл аз ҳама ҳамчун маэстро, офарандаи олами зебоӣ, соҳиби сеҳри самимият ва истеъдоди беинтиҳои хушнавозӣ, ки барои композиторони асри ХХ хеле камёбу нодир аст, нақши амиқ гузошт.

Осор[вироиш]

  • 1946 – Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон, (шеъри А.Лоҳутӣ);
  • 1992 – Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (шеъри Гулназар);
  • Асарҳои саҳнавӣ:
  • 1959 – «Найрангҳои Майсара», операи мазҳакавӣ;
  • 1977 – «Найрангҳои Насриддин», балети мазҳакавӣ;
  • 1976 – «Ғалаба», балет-оратория ба шеъри Туроб Тӯла;
  • Асарҳои хорӣ ва вокалӣ-симфонӣ:
  • 1939 – «Суруди хушбахтӣ», кантата барои сароянда, хор ва оркестри имфонӣ;
  • 1945 – «Ғалаба», кантата;
  • Асарҳои симфонӣ:
  • 1949 – «Увертюраи мутантан».
  • 1954 – «Достони ҷавонӣ».
  • 1964 – «Достон-рапсодия».
  • Асарҳои камеравӣ-созӣ:
  • 1935 – «Афсонаи форсӣ» барои флейта бо фортепиано.
  • 1944 – «Сюитаи бачагона» барои квартети торӣ.
  • 1948 – «Сюита рақсӣ» барои ду фортепиано.
  • Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:
  • 1951 – «Роҳи сафед».
  • 1951 – «Сӯзании абрешимӣ».
  • Мусиқӣ ба филмҳо:
  • 1960 «Фурқат».
  • Сурудҳо ва романсҳо

Сарчашма[вироиш]

  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983. – с. 540.[1]