Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Султонмурод Бобомуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султонмурод Бобомуродов

Султонмурод Бобомуродов (зод. 15 октябри 1950, деҳаи Бедак, ноҳияи Ҳисор) — ҳунарпешаи театру синамо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аст. Ду сол дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор карда, аз соли 1978 инҷониб актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ мебошад.

«Баҳроми Чӯбина», «Фарёди ишқ», «Шоҳ Эдип», «Драмаи миллат», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» барин спектаклҳо нишон доданд, ки бо офаридани ҳар нақш ба чашми бинанда бо ҳар ранг падид меояд, яке ба дигаре қаробат надорад. Аз ҳунараш дар кинои тоҷик, «оинаи нилгун» низ зиёд истифода бурдаанд.

Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.