Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Султоннишини Зангбор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султоннишини Зангбор
19 октябр 1856 — 12 январ 1964


Дирафш[d] Нишон
Пойтахт Занзибар Ситӣ[d]
Забон(ҳо) Забони своҳилӣ, арабӣ ва инглисӣ
Воҳиди пул Zanzibari rupee[d] ва East African shilling[d]
Майдон
  • 1 651 км²
Аҳолӣ
  • 300 000 тан
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d] ва подшоҳии машрута

Султонии Зангбор (форсӣ: سلطانی زنگبار‎), Султанати Занҷибор (ар. سلطنة زنجبار‎) — султонии исломӣ, ки баъди муҳоҷирати форсҳо ва густариши ислом дар ҷазираи Занзибар ташкил шуд (асри 10).

Занҷибор дар асрҳои миёна яке аз марказҳои асосии фурӯши ғуломони сиёҳпӯст — занҷиҳо буд. То давраи ишғоли ҷазира аз тарафи Португалия (асри 16) тиҷорати ғуломон тавассути тоҷирони уммонӣ сурат гирифта, онҳо табақаи ашрофи маҳаллиро ташкил медоданд. Дар охири асри 17 уммониҳо португалиҳоро аз ҷазира хориҷ карда, нуфузи худро муваққатан дар минтақа барқарор намуданд. Соли 1832 султон Сайидмоҷид ибни Сайид пойтахтро аз Уммон ба Зангбор интиқол дода, дар соҳилҳои Африқо ба тиҷорати устухони фил ва занҷиҳо соҳиб гардид. Соли 1856 Зангбор аз ҳайати султонии Уммон хориҷ шуда, то соли 1890 мустақил буд. Мувофиқи аҳдномаи Занзибор (1890) султонии Зангбор протекторати Британияи Кабир эълон гардид. 27.8.1896 султон Холид ибни Барғаш тавассути англисҳо аз тахт сарнагун шуд. Султонҳои дигари Зангбор Ҳамуд ибн Мухаммад (1896—1902), Алӣ ибн Ҳамуд (1902-11), Халифа ибн Ҳориб (1911-60), Абдуллоҳ ибни Халифа (1960-63) ва Ҷамшед ибни Абдуллоҳ (1963-64) дастнишондаи Британияи Кабир буданд. Пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ (1939-45) дар Зангбор раванди ҳаракати озодихоҳӣ ба муқобили низоми мустамликавӣ шиддат ёфта, 10 декабри соли 1963 султонӣ мустақил эълон гардид. Баъди пирӯзии инқилоби соли 1963 султонӣ барҳам хӯрда, Зангбор ба ҳайати давлати Танганика ва Занзибор (аз октябри соли 1964 Танзания) дохил шуд (аз апрели 1964). Ёдгориҳои меъмории Зангбор, аз қабили қалъаи Араб (1710), қасри Байту-л-аҷоиб (1883), Масҷиди ҷомеъ, Калисои англиканӣ (1879), Калисои католикӣ (охири асри 19) ва ғ. ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.