Сумангул Тағоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сумангул Тағоева
Сумангул Саидовна Тағоева
Санаи таваллуд:

1966

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Навъи фаъолият:

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сумангул Тағоева - Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сумангул Саидовна Тағоева 19 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ба сифати Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатии оид ба таъминоти моддию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас то соли 2005 дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2005-2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Аз марти соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Пайвандҳо[вироиш]