Сумбоди Муғ
Зодгоҳ | |
---|---|
Таърихи даргузашт | 756 ё 755 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | раҳбари мазҳабӣ |
Сумбоди Муғ (Сунбоди Маҷусӣ, Испаҳбад Фирӯз; Нишопур — 756 ё 755, Рай) — наҷибзодаи зартуштии эронӣ аз хонадони Корин, сардори шӯриши мардумӣ бар зидди Хилофати Аббосӣ (755), аз тарафдорон ва хунхоҳони Абӯмуслими Хуросонӣ
Симбоди Муғ яке аз пайравони Абӯмуслим буда, баъди кушта шудани ӯ оммаро ба муборизаи зидди сиёсати хилофати Аббосиён ва ҳокимони маҳаллӣ бархезонд[1]. Исёнгарон барои гирифтани қасоси хуни Абумуслим ба муқобили Аббосиён тазоҳурот карданд. Сумбоди Муғ аз пайравони Абумуслим, ки дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур ҷой гирифта буданд, қувваҳои ҳарбӣ ташкил карда ба муқобили сарбозони араб ба ҷанг шуд. Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Ҷахвар ибни Марарр (747—756) қувваи ҳарбии даҳ ҳазор нафараро сафарбар кард. Дар натиҷа байни онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай ҷанги хунине сурат гирифт, ки он ҳафтод рӯз давом кард. Ниҳоят, пайравони Сумбоди Муғ шикаст хурданд ва худи ӯ кушта шуд.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сумбоди Муғ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С. 88.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Crone, Patricia (2012). The Nativist Prophets of Early Islamic Iran: Rural Revolt and Local Zoroastrianism. Cambridge University Press. ISBN 9781139510769.
- Pourshariati, Parvaneh (2008). Decline and Fall of the Sasanian Empire: The Sasanian-Parthian Confederacy and the Arab Conquest of Iran. London and New York: I.B. Tauris. ISBN 978-1-84511-645-3.
- Pourshariati, Parvaneh (2017). "Kārin". Encyclopaedia Iranica. http://www.iranicaonline.org/articles/karin.