Сураи Ал Ғошия
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Сураи Ғошия)
| Сура — | |
|---|---|
| Маънои ном | фурӯпӯшанда |
| Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
| Омор | |
| Рақами сура | 88 |
| Шумораи оятҳо | 26 |
| Ҷузъ | 30 |
| Шумораи рукӯъ | 1 |
| Сураи гузашта | сураи ал-Аъло |
| Сураи раванд | сураи ал-Фаҷр |
| Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
|
Ғошия, сураи ал-Ғошия (араб. سورة الغاشية — фурӯпӯшанда) — ҳаштоду ҳаштум сураи Қуръон.
Ғошия (ар. الغاشیة – фурӯпӯшанда), ал-Ғошияҳ, сураи 88-и Қуръон, ки дар Макка нозил шуда, дорои 26 оят ва ба тартиби нузул сураи 34 аст. Номи сура аз ояти 1 гирифта шуда, «қиёмат» маънидод гардидааст..
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Тафсир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Дар оятҳои 2–3 дӯзахиён, аҳвол ва хӯрданию ошомидании онҳо дар дӯзах; дар оятҳои 8–16 хуррамию шодии биҳиштиён ва чигунагии будубоши онҳо дар биҳишт баён шудааст. Дар оятҳои баъд далелу бурҳонҳое барои камоли қудрат, ҳусни тадбир ва илму ҳикмати Офаридгор дар мисоли чигунагии офариниши шутур, осмон ва замин омадаанд. Сипас, Худо ба пайғамбараш (с) мефармояд, ки ба мардум бо ин ҳама далелҳои қудрат панд гӯяд ва чун пазируфтанд, ба нафъи онҳост ва агар напазируфтанд, аз онҳо рӯй бигардонад, пас аз бозгашт ҳисобу китоб ва ҷазову азоби онҳо назди Худост.
Ба қавли муфассирон, ояти 22-юми Ғошия бо ояти қитол (9:5) мансух аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ). Д., 2007;
Ғошия / М. Умаров // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 116. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
دیوبندی محمد عثمانی. تفسیر معارف القرآن. جلد ١٢. تهران، ١٣٨٩ش