Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сурайё Ҳасансултон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сурайё Ҳакимова)
Сурайё Ҳасансултон
Таваллуд 8 май 1980(1980-05-08) (46 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият адиб, рӯзноманигор, шоир, адабиётшинос, устоди донишгоҳ

Сурайё Ҳасансултон (Сурайё Ҳакимова; зод. 8 май 1980, Қаракчиқум, вилояти Суғд) — адиб, рӯзноманигор ва шоири тоҷик, номзади илмҳои филология (2010). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2008) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2020).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сурайё Ҳакимова (Ҳасансултон) 8 майи соли 1980 дар деҳаи Карақчикуми ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳааш гирифта, соли 1997 ба шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуда, дар соли 2002 онҷоро хатм кардааст.

Рӯзноманигорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аз соли 2004 фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оғоз карда, дар ин ҷо то ба мақоми муовини сармуҳаррир расидааст. Мақолаҳо ва таҳлилҳои ӯ дар рӯзномаҳои «Корвони умед» ва «Ҳақиқати Суғд» нашр мешаванд[1]. Аз соли 2008 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми донишгоҳ соли 2002 ба шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ дохил шуда, бо роҳбарии профессор Матлуба Хоҷаева дар мавзӯъи «Вижагиҳои иҷтимоии шеъри муосири тоҷикӣ» ба таҳқиқи илмӣ шурӯъ мекунад. Худи ҳамон сол муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума мешавад. Соли 2010 рисолаи номзадии хешро дифоъ кардааст[2].

Бозигарӣ дар филм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сурайё Ҳакимова дар филми «Тангно» (Суғдсинамо, 2017) яке аз нақшҳои асосӣ (Розия, модари Армон)-ро бозидааст[3][4].

Сурайё Ҳасансултон муаллифи чандин китоби адабӣ ва илмӣ мебошад, аз ҷумла:

  • «Даричаи умед» (маҷмӯъаи шеърҳо, 2010),
  • «Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» (таҳқиқот, 2018),
  • «Даст ба дасти орзу» (маҷмӯъаи шеърҳо, 2019),
  • «Хаёли обии Сайҳун» (маҷмӯъаи шеърҳо, 2020),
  • «Чиҳил дарси Камол» (мухаммасҳо бар ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ, 2020)[5],
  • «Гӯшвори гелос» (маҷмӯъаи шеърҳои кӯтоҳ, 2021),
  • «Валси сапеди офтоб» (маҷмӯъаи шеърҳо, 2022),
  • «Ҳақиқат аз равзанаи замон» (пажӯҳиш дар бораи нақши рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», 2022),
  • «Зане, ки бо раҳи хуршед меояд» (маҷмӯъаи шеърҳо, 2025).
  • Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» (2015);
  • Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2021).
  1. А. Амон. Парвози хаёл » Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.. Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. (22 феврали 2025). 25 феврали 2025 санҷида шуд.
  2. Дар бораи ман. Сурайё Хакимова (24 июни 2011). 25 феврали 2025 санҷида шуд.
  3. Продюссери «Суғдсинамо»: «Баъзе саҳнаҳои «Тангно» дар Москва ба навор гирифта мешаванд». АМИТ «Ховар» (9 Декабри 2016). 25 феврали 2025 санҷида шуд.
  4. Саодат Исмоилӣ, Сайидо Шодӣ. “Тангно”: Армони дили ҳазорон кӯдакони тоҷик — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт (16 сентябри 2017). 25 феврали 2025 санҷида шуд.
  5. Китоби тозанашр: «Чиҳил дарси Камол»-и Сурайё Ҳасансултон. Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ. 25 феврали 2025 санҷида шуд.