Муслиҳуддин Сурурӣ
Муслиҳуддин Сурурӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд: | 1492[1] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 1562[1] |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Шаҳрвандӣ (табаият): | |
| Навъи фаъолият: | фақеҳ, муфассир, қозӣ, муҳаддис, нависанда |
| Забони осор: | арабӣ[2], забони туркии усмонӣ[2], форсӣ ва туркӣ[2] |
Муслиҳуддин Мустафо ибни Шаъбон Сурурии Румӣ (форсӣ: مصلحالدين مصطفى بن شعبان سرورى رومى; 1492[1], Гелибулу, Вилояти Чанаккале — 1562[1], Истанбул) — фақеҳи ҳанафӣ, муфассир, муҳаддис, қозӣ, шоир ва донишманди форсинависи турктабор, муаллифи «Баҳру-л-маориф» ба забони форсӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми таҳсили расмӣ муовини қозӣ, мударрис, маъмури тарбият ваомӯзгор буд. Адабиёти форс-тоҷикро дар Туркия тарғиб мекард. Ба забони форсӣ шеър ва асарҳои тадқиқӣ менавишт. Таълифоти муҳимтарини Сурурӣ: «Баҳру-л-маориф» дар арӯз ва қофия, шарҳи «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Рисолаи муаммо»-и Ҷомӣ, «Рисолаи муаммо»-и Мирҳусайни Муаммоӣ ба забони форсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шабистони хаёл»-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва ғайра ба арабӣ. «Захирату-л-мулук»-и Алии Ҳамадонӣ, «Рисолаи чӯби чинӣ»-и Алоуддини Нуруллоҳ (рисолаи тиббӣ), «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Қазвиниро мухтасаран ба забони туркӣ тарҷума кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сурурӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).