Сурхча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сурхча (Morbilli) — як навъ бемории шадиди сироятӣ аст.

Нишонаҳо[вироиш]

Ба Сурхча баланд шудани ҳарорати бадан, назлаи роҳҳои болои нафас (сурфа, зуком (грипп), гирифтани овоз), илтиҳоби луобпардаи чашму даҳон ва дамидани доначаҳои калони сурх хос мебошад. Ангезандаи Сурхча вирус аст. Вирусҳое, ки дар қатраҳои хурди балғам, луоб ва оби даҳони бемор мавҷуданд, ҳангоми сурфа, атса ва гуфтугӯ дар ҳаво паҳн гашта, ба дигарон сироят мекунанд. Ба Сурхча ҳамаи одамон ҳассосанд; баъди аз сар гузарондани Сурхча иммунитети устувор як умр боқӣ мемонад. Ба Сурхча бештар кӯдакони то 5-сола гирифтор мешаванд. Кӯдакони то 3-моҳа одатан бемор намегарданд; ба онҳо ноҳассосии модар, ки дар давраи кӯдакӣ Сурхча шудааст мегузарад. Кӯдаконе, ки модарони онҳо Сурхча нашудаанд мумкин аст, дар моҳҳои аввали ҳаёт бемор гарданд.

Давраҳои беморӣ[вироиш]

Сурхча чор давра дорад: якум – давраи инкубатсия (ниҳонӣ), ки 6 – 18 шаборӯз тӯл мекашад; дар ин муддат дар организм ягон аломати зоҳирии Сурхча ба вуҷуд намеояд; дуюм – давраи оғози беморӣ, баъди давраи ниҳонӣ сар шуда, 3 – 4 шаборӯз идома меёбад. Дар ин давра баланд шудани таби кӯдак, зуком, сурфа, гирифтани овоз, сурх шудани чашм ва ашкрезӣ ба мушоҳида мерасад. Тадриҷан мумкин аст рӯшноитарсӣ, варами рӯй, сурфаи дӯр-дӯр пайдо шуда, иллати ҳанҷара (хурӯсак) инкишоф ёбад. Дар ин давра дар луобпардаи рухсора (дар рӯ ба рӯи дандонҳои курсии ҷоғи поён) пайдоиши доғҳои сафеди канорашон сурхча (ба ном доғҳои Филатову Коплик) пайдо мешаванд. Онҳо 2 – 3 рӯз пеш аз дамидани доначаҳо ба вуҷуд омада, баъди 1 – 2 рӯз нест мегарданд. Пайдо шудани доғҳои сурх дар луобпардаи коми нарм ва сахт – энантемаҳо аломати дигари хоси Сурхча аст. Кӯдакони гирифтори Сурхча инҷиқ, хобпар, беиштиҳо гашта, дарунашон меравад, баъзан зуд-зуд қазои ҳоҷат мекунанд. Дар кӯдакони синнашон калон дарди сар, қай, хунравии бинӣ, дарди шикам мушоҳида мешавад; дар давраи сеюм (давраи пайдо шудани доначаҳо) бемор аз нав таб карда, вазъи саломатии ӯ бад мегардад. Дар рӯзи 4 – 6-уми оғози беморӣ доначаҳои калони сурх пайдо мешаванд. Онҳо аввал дар рӯй, пушти гӯш, рухсора, пешонӣ падид омада, баъди чанд соат ба тамоми бадан паҳн мегарданд. Пӯст тар (бинобар серарақӣ) шуда, каму беш хориш мекунад. Ин давра 3 – 4 рӯз давом меёбад. Давраи чорум – сиҳат шудан; аввал доначаҳои рӯй, баъд доначаҳои бадану дасту по тира гашта, ба доғҳои зарди ҷигарӣ табдил меёбанд (онҳо 7 – 10 рӯз боқӣ мемонанд). Пӯст хушк шуда, мисли сабӯсак мерезад. Ҳарорати бадани бемор тадриҷан паст, аҳвол беҳтар мегардад. Ҷараёни Сурхча сабук ё вазнин аст. Ҳангоми вазнин будани беморӣ қай, дарди сар, хунравии бинӣ, баъзан фиреби эҳсосот рух медиҳад. Газаки шуш, иллати ҳанҷара, газаки гӯши миёна (отит), ихтилоли кори меъдаю рӯда, энсефалит боди ногувори Сурхча мебошанд.

Табобат[вироиш]

Дар аснои падид омадани аломатҳои аввалини беморӣ фавран духтурро ҷеғ задан зарур аст. Масъалаи ба беморхона хобондан ё дар хона табобат кардани кӯдакро духтур ҳал мекунад. Дар табобати Сурхча тадбирҳои умумии гигиенӣ, парҳез, нигоҳубин аҳамияти калон доранд. Ҳавои хона бояд доимо тоза, ҳарор. мӯътадил (17 – 180С) бошад. Дар фасли гарми сол ба ҳавои тоза баровардани кӯдаки бемор ё доимо кушода мондани тиреза муфид аст. Хонаро торик намудан лозим нест, дар мавриди рӯшноитарсӣ сари беморро ба манбаи рӯшноӣ гардонда хобондан кофист. Нигоҳубини пӯст (масҳ, шустушӯ), луобпардаи даҳон (нӯшидани чойи бисёр, баъди истеъмоли ғизо чайқонидани даҳон) ва чашм (рӯзе чанд маротиба пахтаро ба оби ҷӯшида ё маҳлули 2%-и кислотаи борат тар карда чамшро тоза мекунанд) зарур аст. Доруро духтур таъин менамояд. Дар аснои пайдоиши аломатҳои аввалини беморӣ кӯдакро ба мӯҳлати 5 рӯз (аз рӯзи аввали пайдо шудани доначаҳо) аз дигар кӯдакон ҷудо нигоҳ медоранд.

Пешгирӣ[вироиш]

Ҳамин ки Сурхча ташхис шуд, волидайн фавран бояд дар ин бора ба муассисаи бачагонаи кӯдакашон хабар расонанд. Баъзе волидайн Сурхчаро бемории саҳл ҳисобида ба имконияти сироят ёфтани диг. кӯдакон аҳамият намедиҳанд. Сурхча барои кӯдакони то 2-сола ва беқувват хатарнок аст, аз ин рӯ онҳоро аз Сурхча эҳтиёт бояд кард. Ба кӯдакони 15 – 18-моҳа гулбурӣ (гузарондани мояи зидди сурхча) самарабахш аст. Бо мақсади пешгирӣ ба кӯдаконе, ки моякӯбӣ нашудаанд (агар моягузаронӣ номатлуб бошад ва ғ.), дар аснои ба бемори гирифтори Сурхча тамос доштани онҳо аз гаммаглобулинҳо истифода мебаранд. Дар мавриди сари вақт гузарондани гаммаглобулин беморӣ падид намояд ё хеле сабук мегузарад.

Адабиёт[вироиш]

  • Коровкин М.А., Почему дети болеют, М., 2003;
  • Детские инфекции, М., 2005;
  • Акимова Г.Е., Расту, играю, развиваюсь!, Екатеринбург, 2006.

Пайвандҳои беруна[вироиш]


Бемориҳо
Нозология | Патогенез | Патология | Этиология | Бавосир | Бемории ғалаёни хун | Бемории шуоъӣ | Бемориҳои ангалӣ | Бемориҳои асаб | Бемориҳои кӯдакон | Бемориҳои вирусӣ | Бемориҳои ирсӣ | Бемориҳои касбӣ | Бемориҳои пӯст | Бемориҳои рӯҳӣ | Бемориҳои сироятӣ | Бемориҳои чашм | Бемориҳои зуҳравӣ