Суҳроб Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Суҳроб Қосимов
Зодрӯз 2 сентябр 1961(1961-09-02)
Таърихи даргузашт 16 декабр 2014(2014-12-16) (53 сол)
Мансубият
Қисм генерал-майор
Равобит
Ордени Спитамен Ордени «Шараф»

Суҳроб Қосимов Қосимов Суҳроб Абдулҳақович[1]; 2 сентябри 1961, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 16 декабри 2014, Душанбе, Тоҷикистон) — генерал-майор[2], яке аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқии Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (2002—2012)[3][4]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Суҳроб Қосимов 2 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Соли 1968 хонаводаи онҳо ба ноҳияи Данғара кӯч баст ва вай дар соли 1978 мактаби миёнаро хатм кард[5]. Замони таҳсил дар мактаби миёна Устоди варзиши тенниси рӯи мизи ИҶШС шудааст[6]. Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Ленини Маскав дохил шуда, онро соли 1985 хатм кардааст[7].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, зиндагии маъмулӣ дошта ва ҳамчун омӯзгор дар мактаб-интернати рақами 3-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард[8].

Пас аз озодкунии Душанбе аз нерӯҳои мухолифин ахири соли 1992, фармондеҳи гуруҳи таъйиноти махсус дар назди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб таъйин шуд. Моҳи июни соли 1992 ин гурӯҳ ба полки 2-юми фаврии ВКД ҶТ ва моҳи декабри соли 1996 ба бригадаи 1-уми зудамали ВКД Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ҷоизаву орденҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Шараф ва ордени Спитамен дараҷаи I қадрдонӣ шудааст[9].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Суҳроб Қосимов субҳи 16 декабри 2014 дар синни 53-солагӣ дар асари беморие тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[10]. Ҷасади ӯро ба ноҳияи Данғара, ба ҷое ки манзили падарии ӯ буд бурданд ва дар Мазори Ёхсӯ дафн карданд[11].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тавсифи вазир аз хидматҳои Суҳроб Қосимов ва 4 генерали дигар (АКС) » Озодагон. www.ozodagon.com. 30 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
  2. Вооруженные Силы Таджикистана готовы пресечь любое проникновение боевиков на территорию республики(рус.). РИА Новости (2 сентябри 2002). 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  3. Ҷоми Суҳроб Қосимов дар Норак - СССР - Мо метавонем!. cccp.tj. 30 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2021.
  4. Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ интихоб шуд | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. www.asiaplustj.info. 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  5. Sputnik Тоҷикистон. Суҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи ФХ даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (16 Декабри 2014). 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  6. Sputnik Таджикистан. Жизнь Сухроба Касымова от командира спецназа до главы таджикского футбола(рус.). Sputnik Таджикистан (16 Декабри 2014). 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  7. Генерал Суҳроб Қосимов аз олам даргузашт. asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  8. Ҷасади Суҳроб Қосимов ба Данғара интиқол ёфт (ВИДЕО)(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  9. Сухроб Касымов: Я жалею, что воевал против своих…. asiaplustj.info. Новости Таджикистана ASIA-Plus. 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  10. Даргузашти фармондеҳи собиқи Ҷабҳаи халқ, Суҳроб Қосимов(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 30 апрели 2021 санҷида шуд.
  11. Сухроб Косимов похоронен в Дангаре (ВИДЕО)(рус.). Радио Озоди. 30 апрели 2021 санҷида шуд.