ТВ Баҳористон
ТВ «Баҳористон» (ТВБ) | |
---|---|
Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» | |
Логотипи шабакаи телевизионӣ аз соли 2016 | |
Мамлакат |
![]() |
Минтақаи пахш |
![]() ![]() |
Замони пахш | аз соати 7 субҳ то соати 22 шаб |
Забон | васосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ ва баъзан англисӣ |
Маркази идоракунӣ | Душанбе Тоҷикистон |
Мавзуи канал | кӯдакону наврасон, фароғатӣ |
Оғоз | 4 сентябри соли 2006[1] |
Бинандагон | тақрибан 15 миллион |
Асосгузор | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Молик | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» |
Каналҳои хоҳар |
![]() ![]() ![]() ![]() ![]() |
Сайт | tvb.tj |
ТВ «Баҳористо́н» — муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон.
Таъсис[вироиш]
Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» 4 сентябри 2006 бо мусоидати Ҳукумати ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута ба фаъолият оғоз намуд.
Телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» то 13 январи 2008 дар ҳаҷми 8 соат (700–1100 эфири субҳгоҳӣ, 1700–2100 эфири бегоҳирӯзӣ) барои тамошобинон барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, омӯзишӣ, маърифатӣ, варзишӣ, филмҳои ҳунарию тасвирии ватанӣ ва хориҷӣ намоиш медод. Аз 14 январи 2008 ба техникаи нави рақамӣ гузашт ва намоишҳо минбаъд бе танаффус аз соати 7.00 то 21.00 пахш мегарданд. Ҳоло дар сохтори «Баҳористон» идораҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, мусиқӣ, варзиш ва бозиҳои шавқовар, шуъбаҳои наворбардорону коргардонҳои овоз ва танзими барномаҳо, бахши техникӣ фаъолият доранд. Намоишҳои шабака асосан бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, аз рӯйи имкон якчанд намоиши омӯзишию маърифатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ пешниҳод мешаванд.
Барномаҳо[вироиш]
- Парвин
- Чигилак
- Олами техника
- Як соат
- Мо ва ҷонварон
- Матин
- Иштибоҳ
- Кулоҳи сеҳрнок
- Бозёфт
- Таҷриба
- 7 - рӯзи варзиш
- Беҳтар аз дӯст
- Довталаб
- Happy English
- Ифтихор
- Офарин
- Ғунча
- Фикри шумо?
- Ҳафтранг
- Таҳамтан
- Панҷаи ҳунар
- Озмуни рассомон
- Навори Ҷолиб [2]
Online-tv[вироиш]
Online-tv дар сомонаи teleradiocom.tj
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Баҳористон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди қолаби куҳнаи параметри Қуттӣ/тасвир
- Шабакаҳои телевизионӣ ба тартиби алифбо
- Шабакаҳои телевизионӣ, роҳандозишуда дар соли 2006
- Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон
- Муассисаҳои телевизионии Тоҷикистон
- Шабакаҳои телевизионии тоҷикизабон
- Шабакаҳои телевизионии русизабон
- Шабакаҳои телевизионии инглисизабон