Тагсарӣ
- Ҳунари тайёр кардан, дӯхтан ва оро додани тагсарӣ/ болишт/лӯла
Дар рӯзгори тоҷикон навъҳои гуногуни тагсарӣ ҷой дорад. Шаклан онҳо чоркунҷаву росткунҷа мешаванд. Як навъи болишт лӯлашакл аст. Тагсарӣ/болишт/лӯла барои хоб истифода бурда мешаваду дар вақти истироҳат дар болои кӯрпача нишаста, онро таги даст мегиранд ё ба пушт монда ба девор такя мекунанд. Тагсарӣ/болишт/лӯла дар ҳар хонадон ҳаст. Эҳтиёҷ ба тагсарӣ/болишт/лӯла дар рӯзгори тоҷикон хеле бузург аст. Дар бисоти арӯс ҷой доштани миқдори муайяни тагсарӣ/болишт/лӯла ҳатмист. Болиштҳои арӯсӣ аз рӯи ороиш ҳам фарқ мекунанд: гулдӯзӣ, қӯроқ, зардӯзӣ ва дигар. Тагсарӣ/болишт/лӯла бо пахтаандозӣ, ороиши намуди беруна, намуди матоъ фарқ мекунанд.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тагсарӣ. 14 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |