Таисия Мелникова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таисия Мелникова

Мелникова Таисия Гавриловна (тав. 8. 05. 1925, деҳаи Ивановаи ҶШС Қирғизистон – ваф. маълум нест) — биолог, доктори илмҳои биология (1979), профессор (1981).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1946 факултети табиатшиносии Донишгоҳи ш. Фрунзеро (Бишкек) бо ихтисоси муаллими биология хатм намудааст. Солҳои 1946–1950 ходими хурди илмӣ дар шуъбаи паразитологияи Институти биологияи АИ Қирғизистон буд. Солҳои 1950–1954 оид ба муфтхӯрҳои ҳайвоноти мамнӯъгоҳи давлатии Қрим тадқиқот бурда, соли 1953 дар Институти зоологияи АИ ИҶШС дар ш. Ленинград рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Солҳои 1954–1959 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, 1959–1962 ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологяи АИ Тоҷикистон, 1962–2001 дотсент ва профессори кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият намудааст. Ҳамчунон солҳои 1980–1984 вазифаи мудири кафедраи зоологияи донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 105 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, дастурҳои таълимиву методӣ, аз он ҷумла «Муфтхӯрони ҳайвоноти Тоҷикистон» (1982), «Проблемаи систематикӣ дар таҳлили муфтхӯрони хуки осиёимиёнагӣ» (1982), «Дастури методӣ аз зоологияи бесутунмуҳра барои таҷрибаи саҳроӣ» (1987) мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро кирмҳои муфтхӯри хуки ёбоӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]