Талҳа ибни Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Талҳаи Тоҳир)
Jump to navigation Jump to search
Талҳа ибни Тоҳир
Амири Хуросон
822 — 828

Талҳа ибни Тоҳир - амири Хуросон аз хонадони Тоҳириён (822-828).

Халифа Маъмун писари Тоҳир ибни Ҳусайн Талҳаро ба ҷои падар амири Хуросон таъин намуд. Бештари давраи аморати Талҳаи Тоҳир (822-828) сарфи даргирӣ бо хавориҷи Сиистон шуд. Талҳа аз сарнавишти падар ибрат гирифта, бо хилофат аз дари созиш даромад ва то поёни умри худ аз халифаву фармонҳои ӯ итоат мекард. Пас аз марги Талҳа писараш Алӣ қоиммақоми падар гардид, вале дар ҷанги дохилӣ бо шӯришиён кушта шуд.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011. – С. 95.