Jump to content

Тамбурин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тамбурин — (фар. tambourin), 1) сози мусиқии калони дурӯяест, ки ба барабан шабоҳат дорад. Баландии танааш аз 1 метр дарозтар аст. Навозандаи Т. одатан дар як вақт дар флейтаи хурди якдаста низ менавозад. Ватани Тамбурин – Прованс (Фаронсаи Ғарбӣ), дар мусиқии халқии ин музофот чун сози оркестрӣ вуҷуд дорад. Баъзан истилоҳи «Тамбурин» созеро ба монанди навъи бубна хотирнишон месозад. 2) Рақси хушҳоли правансалиест дар метри 2/2, 2/1, ҳамчунин «тамбурин» номида шудааст пиесаи рақсие бо ин ном. Мас., «Тамбурин»-и Ж. Ф. Рамо васеъ истифода бурда мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.379. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)