Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Танзила Норбоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Танзила Норбоева
ӯзбекӣ: Tanzila Kamalovna Narbayeva
аз 21 июн 2019
Пешгузашта Неъматулло Юлдошев

Таваллуд 24 июл 1956(1956-07-24)[1] (69 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои педагогика[d]
Фаъолият Сенати Ӯзбекистон
Ҷоизаҳо
Order of Friendship Dostyk Order of grade II "Mehnat shuhrati" order Shukhrat medal
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Танзила Камоловна Норбоева (ӯзбекӣ: Tanzila Kamalovna Narbayeva; 24 июл 1957, Ноҳияи Шаҳрихон, Вилояти Андиҷон) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятии ӯзбек, раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз 21 июни соли 2019, аввалин зан дар ин вазифа)[2], доктори илмҳои сотсиологӣ.

Қаблан муовини сарвазири Ӯзбекистон раиси Кумитаи занони Ӯзбекистон дар солҳои 2016-2019[3], раиси Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар солҳои 2010-2016[4]. Ҳамчунин, раиси Федератсияи варзиши велосипедронии Ӯзбекистон буд (аз соли 2011)[5][6],

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Танзила Норбоева 24 июл 1957 соли дар ноҳияи Шаҳрихони, Вилояти Андиҷон таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии Тошкандро (ҳоло – Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) дар соли 1981 хатм кардааст. Дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ мебошад[7].

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1974 ҳамчун мутахассиси пешбари масъалаҳои ҷавонони мактаби № 1 ноҳияи Шаҳрихони, Вилояти Андиҷон оғоз кардааст[8].

Дар давраи аз соли 1975 то 1995 дар мактабҳои ноҳияи Алмазори шаҳри Тошканд муаллим, муовини директори мактаб, директори Қасри мактаббачагон кор кардааст .

Котиби шӯрои ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, инчунин мудири бахш дар шӯрои Марказии ин ҳизб буд.

Аз соли 1995 то соли 2010 фаъолияти меҳнатии худро дар Кобини Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон давом дадааст[9].

Аз 21 декабри соли 2010 то 20 декабри соли 2016 вазифаи раиси Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистонро ишғол кард[10].

Моҳи декабри соли 2016 ба вазифаи раиси Кумитаи занони Ӯзбекистон интихоб ва таъин шуд – муовини раиси Сарвазири Ӯзбекистон дар ҳукумате, ки пас аз интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ташкил шуда буд [11].

22 декабри Соли 2018 дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи занони Ӯзбекистон Норбаева дубора раиси кумита барои 5 сол интихоб шуд[12][13].

20 июни соли 2019 бо фармони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеев ба ҳайати Сенати Маҷлиси Олӣ таъин шуд[14]. Рӯзи дигар, 21 июн, бо пешниҳоди президенти кишвар, вай Раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд. Норбаева аввалин зане шуд, ки ин вазифаро ишғол кард[15][16][17][18].

22 декабри соли 2019 Танзила Норбоева дар интихоботи вакилони халқ ба Кенгаши шаҳри Тошканд пирӯз шуд[19].

17 январи соли 2020 ҳамчун сенатор аз шаҳри Тошканд интихоб шуд[20].

20 январи соли 2020 дубора ба вазифаи Раиси Сенати Маҷлиси Олӣ интихоб шуд[21][22][23].

19 ноябри соли 2024 такроран ба вазифаи Раиси Сенати Маҷлиси Олӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб шуд.

Аз соли 2011 Раиси Федератсияи варзиши велосипедронии Ӯзбекистон буд[24] (аз соли 2011)[5][6] 6 феврали соли 2017 ба вазифаи Раиси Федератсия дубора интихоб шуд[5][6][25].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор, 2 фарзанд, набера дорад.

  • Медали"Шуҳрат" (25 августи соли 2000) — барои саҳми арзанда дар рушди хоҷагии қишлоқ ва об, иқтисодиёт, саноат, сохтмон ва соҳаи ҷамъиятӣ, инчунин барои муваффақиятҳои бо меҳнати фидокорона ба даст овардашуда .
  • Ордени "Мехнат шуҳрати" (25 августи соли 2010) — барои меҳнати фидокорона ва муваффақиятҳои бадастомада дар таҳкими истиқлолият, баланд бардоштани қудрати иқтисодии мамлакат, саҳми бузург дар тарбияи шаҳрвандон, хусусан насли ҷавон, дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, инчунин эътибору эҳтироми шоиста, ки бо иштироки фаъолона дар ҳаети ҷамъиятӣ ба даст оварда шудааст..
  • Ордени "Фидокорон хизматлари учун" (2016).
  • Ордени Дӯстӣ (4 май соли 2022, Русия) — барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо[26].
  • Ғолиби озмуни "Интихоби сол—2019" дар номинатсияи "Фаъолтарин ходими давлатӣ-Шахси сол дар Ӯзбекистон"[27][28][29].
  1. http://senat.uz/ru/senators/view/1
  2. [(https://tass.ru/mezhdunarodnaya-panorama/6575958 Сенат Узбекистана впервые возглавила женщина](пайванди дастнорас таърих). 13 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 ноябри 2021.
  3. В комитете женщин Узбекистана новый руководитель(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  4. Танзила Нарбаева избрана председателем Федерации профсоюзов Узбекистана(рус.). ИА REGNUM(пайванди дастнорас таърих). 13 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  5. 1 2 3 Председатель Комитета женщин переизбрана главой Федерации велоспорта, Sputnik (7 феврали 2017). Проверено 22 ноябри 2019.
  6. 1 2 3 Председатель Федерации велоспорта переизбрана В Федерации велоспорта Узбекистана состоялись выборы руководящего состава. Газета.uz(пайванди дастнорас таърих) (7 феврали 2017). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2021.
  7. Танзила Нарбаева избрана главой Сената(рус.). Газета.uz(пайванди дастнорас таърих) (21 июни 2019). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Декабри 2021.
  8. Нарбаева, Танзила Камаловна(рус.). media-inform.com(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  9. Танзиля Нарбаева стала председателем Сената Олий Мажлиса Узбекистана • Mezon.io (ru-RU)(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  10. Танзила Нарбаева избрана председателем Федерации профсоюзов Узбекистана(рус.). ИА REGNUM(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  11. В комитете женщин Узбекистана новый руководитель. Бойгонӣ шудааст 12 ноябри 2021  сол. Проверено 12 ноябри 2021.
  12. Танзила Нарбаева переизбрана главой Комитета женщин, Газета.uz (22 Декабри 2018). Бойгонӣ шудааст 23 Декабри 2018  сол. Проверено 22 ноябри 2019.
  13. Ўзбекистон Хотин-қизлар қўмитасининг 2014-2018 йиллардаги фаолияти якунлари ва келгусидаги вазифалари сарҳисоб қилинди(ӯзб.). Ўзбекистон Хотин-қизлар қўмитаси(пайванди дастнорас таърих) (24 Декабри 2018). 22 ноябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Декабри 2018.
  14. (Источник(пайванди дастнорас таърих). 23 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2019.)
  15. Сенат Узбекистана впервые возглавила женщина, Фергана (21 июни 2019). Бойгонӣ шудааст 25 июли 2021  сол. Проверено 21 ноябри 2019.Танзила Нарбаева избрана главой Сената, Газета.uz (21 июни 2019). Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019  сол. Проверено 21 ноябри 2019.
  16. Танзила Нарбаева стала спикером сената Олий Мажлиса, Sputnik (21 июни 2019). Проверено 21 ноябри 2019.
  17. Танзила Нарбаева избрана Председателем Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан, УзА (21 июни 2019). Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019  сол. Проверено 22 ноябри 2019.
  18. Информационное сообщение о двадцатом пленарном заседании Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан, Информационная служба Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан (21 июни 2019). Бойгонӣ шудааст 7 Декабри 2019  сол. Проверено 22 ноябри 2019.
  19. Халқ депутатлари Тошкент шаҳар Кенгаши депутатларини рўйхатга олиш тўғрисида(ӯзб.), Тошкент шаҳар ҳокимлиги. Бойгонӣ шудааст 25 июли 2021  сол. Проверено 8 Январ 2020.
  20. В верхнюю палату Олий Мажлиса избрано 6 сенаторов от Ташкента. www.tashkent.uz(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  21. Sputnik Узбекистан. Председателем Сената Олий Мажлиса избрана Танзила Нарбаева(рус.). Sputnik Узбекистан(пайванди дастнорас таърих) (2020-01-20T20:03). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  22. WebComfort. Избран новый Председатель Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан(рус.). iacis.ru(пайванди дастнорас таърих). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  23. Избрано новое руководство Сената и главы комитетов(рус.). Газета.uz(пайванди дастнорас таърих) (21 Январ 2020). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2021.
  24. Руководство Федерации велоспорта Узбекистана Нусхаи бойгонишуда дар Wayback Machine Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019  сол.
  25. Миллий олимпия қўмитасида Ўзбекистон велосипед спорти федерациясининг ҳисобот-сайлов конференцияси бўлиб ўтди(ӯзб.). Ўзбекистон МОҚ(пайванди дастнорас таърих) (6 феврали 2019). 22 ноябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2017.
  26. Указ Президента Российской Федерации от 4 мая 2022 года № 251 «О награждении государственными наградами Российской Федерации»(пайванди дастнорас таърих). 4 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 май 2022.
  27. ПОЗДРАВЛЯЕМ, Танзила Нарбаева – человек года в Узбекистане!, УзА (17 Январ 2020). Бойгонӣ шудааст 30 Январ 2020  сол. Проверено 30 Январ 2020.
  28. УзА назвало Танзилю Нарбаеву "Человеком года", Uz24 (17 Январ 2020). Бойгонӣ шудааст 30 Январ 2020  сол. Проверено 30 Январ 2020.
  29. Танзила Нарбаева признана человеком года, Газета.uz (19 Январ 2020). Бойгонӣ шудааст 30 Январ 2020  сол. Проверено 30 Январ 2020.