Таомҳои миллии тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Таомҳои миллии тоҷик

Ошпаз ва оши палов
Дастурхони тоҷикӣ

Палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз мерос мондаанд. Албатта, теъдоди зиёди таомҳои милии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафтаанд ва имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Вале вобаста ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва рушди тиҷорату савдо метавон гуфт, ки онҳо мутассил дар ошхонаҳо пайдо хоҳанд шуд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон хоҳ дар зодгоҳи хеш, хоҳ дар берун аз Ватани аслӣ, дар ҳар ҷое, ки бошанд, бештар иқлими гарму мӯътадилро барои зисти муқимӣ ё доимии худ ихтиёр намудаанд. Чунин интихоб, бешак, ба дастархони онҳо бетаъсир намондааст. Ҳамин аст, ки мардуми тоҷик авлодан дастархони худро бе чойу нон, ҳамчунин сабзавоти тару тоза, мевагиҳо тасаввур карда наметавонанд.

Таомҳое, ки тоҷикон ва бештар мардуми Осиёи Марказӣ истеъмол менамоянд, аз маснуоти гандумӣ тайёр карда мешаванд. Маснуоти аз ҳама бештар маъмули аз орд пухташуда нонҳои ҳархела, кулча, ҳалво, чак-чак (шираворӣ), манту, самбӯса, лағмон, атола, шакароб ва ғайра ба шумор мераванд, ки онҳоро одатан барои оро додани хони наврӯзӣ мепазанд.

Таомҳои миллии тоҷикон чун дар тамоми ҷаҳон, аслан дар ду намуд: таоми аввал - шӯрбоҳои гуногун мастоба, ширбиринҷ, мошкичирӣ ва ғ. ва таоми дуюм ҳам барои аҳли хонавода ва ҳам барои меҳмонон пешкаш карда мешаванд. Пухтани шӯрбо дар ду намуд маъмул аст: тавассути бирён кардани маҳсулот ва дар об ҷӯшонидани онҳо - хомшӯрбо, ки бевосита бидуни бирён кардан, обҷӯши гӯшт ва дигар маҳсулот тайёр карда мешавад. Сабзавотро бошад, ба хомшӯрбо дар шакли бутун меандозанд.

Кабоб навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, ҳамчун таоми дуюм серғизо истеъмол карда мешавад. Кабоб таомест, ки аз гӯшт, ҷигар, гурда, думба, чарбу ва дигар масолеҳ дар танӯр, дег ва кӯра пазанд. Вобаста ба масолеҳ ва тарзи тайёр кардан кабоб чанд хел мешаванд: сихкабоб (шашлик), кабоби дегӣ, кабоби танӯрӣ, гурдакабоб, ҷигаркабоб, помидоркабоб, барракабоб ва ғайра.

Палов (ош)-ро аксари мардуми тоҷик дар баробари мардуми Осиёи Марказӣ, таоми асосӣ - шоҳи таомҳо арзёбӣ мекунанд. Беҳтарин паловро таббохони ҳунарманд дар ошхонаҳо ва дар хонаводаҳо кадбонуҳо барои меҳмонони арҷманд тайёр мекунанд. Бештари хонаводаҳо бошанд, дастархони худро бе палов тасаввур карда наметавонанд. Аз ин рӯ, онҳо қариб ҳамарӯза ош мепазанд ва аксаран бо гӯшту чарбуи гӯсфанд.

28 ноябр - 2 декабри соли 2016 дар пойтахти Эфиопия - шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод гашта буд. 28 ноябр - 2 декабри соли 2016 дар пойтахти Эфиопия - шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод гашта буд. Ин бахшҳо аз санҷишу омӯзиши комиссияи мутахассисони ЮНЕСКО гузашта, 30 ноябри соли 2016 дар ин ҷаласаи бонуфуз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бо гирифтани аксари овозҳо расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуданд.[1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]