Jump to content

Таппак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таппак, тапӣсаргини хушконидашудаи чорво[1], ки ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешавад (масалан, барои сӯхтан дар танӯр, барои гармкунӣ ё пухтупаз).

Сӯзишворӣ дар рустоҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таппакро мардум маъмулан дар рустоҳо аз саргин ё порӯи ҳайвоноти аҳлӣ, аз ҷумла гов, таҳия ва дар зимистон хонаҳои худро бо оташи он гарм мекунанд[2]. Ба навиштаи гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ, 70 дарсади аҳолии деҳоти Тоҷикистон дар сардтарин фаслҳои сол барқ надоранд ва барои гарм кардани хонаҳо ва омода кардани ғизо асосан аз се навъи сӯзишворӣ: тапак, ғӯзапоя ва ангишт истифода мекунанд[3].

  1. тапӣ - это... Что такое тапӣ?(рус.), Словари и энциклопедии на Академике. Проверено 6 октябри 2017.
  2. BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Ёвон: Ҷамъоварии таппак барои гарм доштани макотиб дар зимистон(тоҷ.). www.bbc.co.uk. 6 октябри 2017 санҷида шуд.
  3. Бонки Ҷаҳонӣ: "Тапак беҳтарин сӯзишвории тоҷикист"(тоҷ.). 6 октябри 2017 санҷида шуд.