Тармиму азнавсозии роҳи Душанбе -Ҷиргатол- Саритош (Қирғизистон)
Тармиму азнавсозии роҳи Душанбе -Ваҳдат (шаҳрак, н. Лахш)- Саритош (Қирғизистон) — Лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон. Тармиму азнавсозии Роҳи автомобилгарди Душанбе - Ваҳдат (шаҳрак, н. Лахш) - Сариташ (Ҷумҳурии Қирғизистон) аз се марҳила иборат буд. Аз рӯи дар марҳилаи аввал барқарорсозии роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Обигарм (73 км) бо чор пул, беҳтар кардани роҳи Душанбе - Ваҳдат, Обигарм - Дарбанд ва ғайра, пешбинӣ шуда буд.[1]
Сармоягузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ин лоиҳа 23,6 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ҳиссаи Бонки Осиёии Рушд – 15 миллион доллар. ИМА, ҳиссаи Сандуқи ОПЕК 6 млн. долл. ИМА, ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,6 млн.долл. ИМА. Созишнома оид ба сохтмон 10 ноябри соли 2004 бо ширкати чинии "Синохайдро"ба имзо расид. Корҳои барқарорсозӣ 20 ноябри соли 2005 оғоз ёфт. таҷдиди роҳ бояд дар давоми 38 моҳ ба анҷом расонида мешуд ва як соли дигар барои бартараф кардани камбудиҳо пешбинӣ шуда буд.[2]
Дар ин сохтмон 421 коргар, аз ҷумла 350 маҳаллӣ ва 71 хориҷӣ ҷалб карда шуданд.
17 ноябри соли 2005 Созишнома дар бораи маблағгузории марҳилаи дуюми ин роҳ дар ҳаҷми 39,5 млн. доллари ИМА ба имзо расид. Ҳиссаи Бонки Осиеии Рушд 30 млн. долл. ИМА; Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,5 млн.долл.ИМА. Аз ҷумла, қарзи Бонки Осиёии Рушд аз маблағҳои имтиёзноки Сандуқи Осиёии Рушд ҷудо карда шуда, ба мӯҳлати 32 сол, аз ҷумла давраи имтиёзноки 8-сола дода шудааст. Пардохти фоизӣ ба 1% дар як сол дар давраи имтиёзнок ва 1,5% дар як сол пас аз гузаштани ин мӯҳлат. Дар доираи лоиҳа тақрибан 89 км қитъаҳои марказӣ ва канори роҳи лоиҳавӣ ва 60 км роҳҳои деҳотӣ такмил дода мешавад.
Ин роҳ қисми шабакаи Роҳҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин қисми шабакаест, ки ҷумҳуриро бо бандарҳои баҳрии Эрон ва Покистон дар ҷануб, бо Русия дар шимол мепайвандад.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история) – Душанбе: «Империал-Групп», 2011. – 688 с. – С.532-533.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история) – Душанбе: «Империал-Групп», 2011. – 688 с. – С.532-533.
- ↑ История таджикского народа. Том VI. (Новейшая история) – Душанбе: «Империал-Групп», 2011. – 688 с. – С.532-533.