Тархун (ишхид)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тархун (ишхид)
Таваллуд асри VII
Даргузашт 710
Мадфан
Эътиқод маздаясно

Тархӯн (асри VII, Сарзамини Суғд710, Хилофати Умавиён) — ихшиди Суғд ва фармонравои Самарқанд (700–710) дар замони ҳамлаи Қутайба ба Фарорӯд.

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди Тархун Қутайба ибни Муслим ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. Ӯ соли 709 бо қувваи зиёд аз рӯди Омӯ гузашта ба Бухоро наздик шуд. Тархун ҳамроҳи туркҳо ба мадади ҳокими Бухоро шитофт. Лекин ба суханони ҷосуси Қутайба, ки гӯё арабҳо ба зудӣ аз Мовароуннаҳр мераванду туркҳо ба Суғд ҳуҷум оварда онро ишғол мекунанд, фирефта шуда, бо маслиҳати душман бо арабҳо сулҳ баст. Дар натиҷа иттифоқи зиддиарабҳо пароканда гашта, Қутайба Бухороро ба осонӣ ба даст даровард.

Тархун барои аз ҳуҷуми арабҳо эмин доштани Суғд бо Қутайба шартнома баста, уҳдадор шуд, ки ҳар сол хироҷ медиҳад. Қутайба баъди як сол бародари худ Абдурраҳмонро барои ситонидани хироҷ ба Самарқанд фиристод. Тархун маҷбур шуд, ки хироҷ диҳад. Ин норозигии ашрофи Самарқандро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа онҳо Тархунро аз тахт ронда, ба ҷои ӯ Ғуракро ихшид таъйин намуданд. Тархун худро кушт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тархун / У. Назиров, А. Валиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).