Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт

Бо ҳидояти бевоситаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тарҷумаи осори гуногуни классикони адабиёти ҷаҳон роҳандозӣ шуда, хонандаи тоҷик бо намунаҳои сарвати маънавии халқҳои дигари олам ошнойии бештаре пайдо кардааст. Адибон, дар навбати худ, дар ҷараёни тарҷумаи осори бузургони адабиёти ҷаҳон дарси маҳорат омӯхтаанд Яке аз соҳаҳои муҳимми рушду такомули адабиёти тоҷик дар давоми 80 соли ахир тарҷумаи бадеӣ мебошад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пешрафти он пайваста диққату ғамхорӣ зоҳир намудааст. Дар ин давра намунаҳои зиёде аз осори классикони адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷумаву чоп шуда, дар болобурди савияи маърифати бадеии мардум хидмати сазовор кардаанд.

Аз ҷумла, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Эммонуил Муллоқандов, Анора, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Аслам Адҳам, Абдулло Зокир, Ҷумъабой Азизқулов, Нусур Холмуҳаммадов, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Аскар Ҳаким, Ҳикмат Раҳмат, Нур Табар, Низом Қосим, Юнус Юсуфӣ, Азимқул Насимов, Маҷид Салим, Абдуғаффори Абдуҷаббор ва диг. дар ташаккулу такомули тарҷумаи бадеии тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд. Дар ин давра танқиду адабиётшиносии тоҷик ҳам хеле ташаккул ёфта, асосан, бо ду роҳ пеш рафтааст: омӯзиши мероси гузаштагон ва тадқиқи ҷараёни кунунии адабиёт.[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 8 ISBN 978-99947-2-379-9