Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Тахикардия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тахикардия
МКБ-10 I4747.-I4949., R00.000.0
МКБ-9 427427, 785.0785.0
eMedicine / 
MeSH D013610

Тахикардия (аз юн.-қад. ταχύς — тез ва карδία — дил) — зиёдшавии басомади кашишхӯрии дил (БКД) аз 100 ва зиёда зарба дар як дақиқа[1][2]. Тахикардияро ҳамчун падидаи патологӣ (яъне зиёдшавии БКД дар ҳолати оромӣ) ва тахикардияро ҳамчун падидаи муқаррарии физиологӣ (зиёдшавии БКД дар натиҷаи бори ҷисмонӣ, ҳаяҷон ё тарс) фарқ мекунанд[3].

Тахикардия — ин беморӣ нест, балки нишона (симптом) мебошад, зеро он метавонад ҳамчун зуҳуроти бисёр бемориҳо пайдо шавад[3]. Сабабҳои маъмултарини тахикардия халалдоршавии системаи асаби вегетативӣ, халалдоршавии системаи эндокринӣ, вайроншавии гемодинамика ва шаклҳои гуногуни аритмия мебошанд.

Тахикардияи патологӣ ба оқибатҳои номатлуб оварда мерасонад. Аввалан, ҳангоми метапиши зиёди дил самаранокии кори он паст мешавад, зеро батнчаҳо фурсат намеёбанд, ки бо хун пур шаванд, ки дар натиҷа фишори шараёнӣ паст шуда, ҷараёни хун ба узвҳо кам мегардад. Сониян, шароити хунрасонии худи дил бадтар мешавад, зеро он дар воҳиди вақт кори зиёдеро иҷро карда, оксигени бештар талаб мекунад, ва шароити бади хунрасонии дил хавфи бемории ишемиявии дил ва инфаркти миокард-ро зиёд мекунад.

  1. Cardiac Arrhythmias. Their Mechanisms, Diagnosis, and Management / W. J. Mandel. — USA, Philadelphia: Lippincott Williams & Wilkins, 1987. — Т. 1. — 512 с. — 10 000 экз. — ISBN 0-397-50561-2.
  2. Tachycardia / Takumi Yamada, editor. — Croatia: InTech, 2012. — 202 p. — ISBN 978-953-51-0413-1.
  3. 3.0 3.1 Клиническая аритмология / Под ред. проф. А. В. Ардашева. — М.: Медпрактика-М, 2009. — 1220 с. — 1 000 экз. — ISBN 978-5-98803-198-7. Бойгонӣ шудааст 29 октябри 2013  сол.