Ташаббуси қонунгузорӣ
Намуди зоҳирӣ
Ташаббуси қонунгузорӣ — марҳалаи раванди қонунгузорӣ, ки аз пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ё пешниҳоди қонунгузорӣ оид ба қабул, тағйир ё бекор кардани қонун ба баррасии мақоми қонунгузор иборат аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳняташон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд (моддаи 58). Шаҳрвандон метавонанд ба воситаи вакилони Маҷлиси намояндагон ин хуқуқро амалӣ намоянд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 529