Таърихи Рим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Таърихи Рим — 2800 солро дарбар мегирад, ки шаҳр аз як деҳаи хӯрди итолиёвӣ дар асри IX п.м. сар мегирад. Имрӯз ин пойтахти Итолиё, маркази байналмиллалии маъмурӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад ва яке аз шаҳрҳои хушманзари ҷаҳон ба ҳиссоб меравад. Дар ҳудуди шаҳр, давлати хӯрдтарини ҷаҳон Ватикан қарор гирифта аст, ки маркази ҷаҳонии католикҳо (яке аз равияҳои насрониён) мебошад. Расмӣ, санаи таъсисёбии шаҳр, 21 апрели соли 753 п.м. ба ҳиссоб меравад.

Давраи шоҳӣ[вироиш]

Форуми римӣ дар марказ — сутунҳои ибодатхонаи Зуҳал, паси онҳо тоқи нусрати Септимий

Мувофиқи аз ҳама қиссаҳои паҳншуда, бародарон Ромул ва Рем, зодаи духтари шоҳ Алба-Лонги Реи Силвий ва худо Марс мебошанд. Онҳо дар соҳили Тибр калон шуданд. Бобои худро Нумиторро дар тахти Алба-Лонг қонуни барқарор карда боз ба Тибр гашта мераванд барои мустамлика ташкил кардан. Байни бародарон низоъ бархест ва Ромул Ремро қатл карда маҳаллаи мустаҳками Палатинаро бунёд мекунад. Дар асри I п.м. як чан санаи бунёди шаҳри Рим ҳисоб карда шуд, аз ҳама машҳураш — 21 апрели соли 753 п.м..

Ромул ҳамчун подшоҳи якуми Рим номбар шудааст. Расмӣ ҳамагӣ ҳафт шоҳро дарбар мегиранд. Шоҳ Сервий Туллий расмӣ ҳамчун бунёдгари девори шинохта Сервий ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳукмронии шоҳи Рим ибодатхонаҳои аввал сохта шуд, аз ин ҷумла калисои Вест ва Янус. Аз рӯи хабари таърихдон Тит Ливий, Сервий Туллий дар вақти ҳисоби омори якум 80 ҳазор нафар одамро дар шаҳри рим қайд кардааст.

Рими Ҷумҳуриявӣ[вироиш]

Куштори Юлий Сезар, рассом Винченсо Камучини

Рим мудати дароз бо деворий Сервий маҳдуд буд ва ин девор ҳамчун сарҳади шаҳр ба ҳисоб мерафт. Ҳар боре ки Рим сарҳади худро васеъ мекард аввал роҳҳоро сохта Римро бо мустамликаҳои худ пайваст мекард.

Майдони марказии Рим водии байни Палатин ва Квиринал шуд ва ҳамчун Форум шинос аст. Аз инҷо кучаҳои муҳимтарини шаҳр тақсим мушуданд: via sacra, via nova ва дигарон. Дигар майдоне ки хусусияти муҳим дошт, бозори мол дар назди Тибр — — Форуми буққаҳо ки, дар ҷои серодам мавқеъ гирифта буд. Дар наздики бозори меваҷот вуҷуд дошт, аммо берун аз ҳудуди девори шаҳр.

Шумораи ибодатхонаҳо Рими Ҷумҳуриявӣ исбот мекунанд, ки аксари мардум рӯҳонӣ буданд. Дар ҳар як қисми шаҳр аз рӯи сарчашмаҳое ки то имрӯз омадаанд метавон як чанд азизгоҳҳои ҳамонвақтаро ҳисоб кардан. Ин чунин дар шаҳр ибодатхонаи сегонаи бостонӣ Ceres, Liber, Libera, ки дар соли 496 п.м. мувофиқи сарчашмаҳои омада сохта шуда буданд.

Пас аз куштори Юлий Сезар Рим ба ҷангҳои ғайринизомӣ дучор гашт ва ин ба нобуд шудани ҷумҳурии Рим ва пайдоиши давлати шоҳаншоҳии Рим оварда расонд ва сарвари якуми ин давлати шоҳаншоҳӣ Октавиан Август шуд, ки писархонд ва яке аз ҷоҳилони Сезар буд.

Рими шоҳаншоҳӣ[вироиш]

Реконструксияи Рими шоҳаншоҳӣ

Пас аз запт кардани Итолиё Рим роли асосиро дар сиёсати байн давлатҳои баҳри Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт Рим ғасби хуро ба шарқ ниҳода Иллирияро, Юнон, ва пас Осиёи Хӯрдро ва Суриёро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рим ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст.

Қуллаи баландтарини шоҳаншоҳии Рим ба давраҳои тинҷи рост омад (асри II п.м.), аммо аз асри III сар карда аз сабаби талоши давлат байни сиёсатмадорони Рим ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини далатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид

Дар асри V шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ бо мигратсияи қабилаҳои олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии шоҳаншоҳӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин шоҳаншоҳ Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расмӣ рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рим ба ҳисоб меравад.

Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонони СССР дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки Рим тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати рим дар тулли равиш ва инкишофи таърих.

Адабиёт[вироиш]

  • H. Jordan, «Topographie der Stadt Rom im Alterthum» (т. I, 1878; т. II, 1871);
  • О. Gilbert, «Geschichte und Topographie der Stadt Rom im Altertum» (I, 1883; II, 1885; III, 1890);
  • O. Richter, «Topographie der Stadt Rom» (в III т. Iw. Müller, «Handbuch der Klassischen Altertumswissenschaft», Нёрдлинген, 1889);
  • Hülsen et Kiepert, «Formae urbis Romae antiquae accedit nomenclator topographicus» (Б., 1896).

Сарчашма[вироиш]