Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Пас аз бебарор анчомидани «табадуллот»-и 19-21 августи соли 1991 дар Москва, аз 24 августи соли 1991 дар Душанбе гирдиҳамоии ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин бо талаботҳои ба истеъфо баровардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президент Қаҳҳор Махкамов, боздоштани фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Изҳорот ва қарор қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимят оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавию маҳаллӣ барои ҳокимят табдил ёфт. Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти Тоҷикистонро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужи, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,8 % овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд. Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар моҳҳои май — июни 1992 оғоз ёфт. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқӯъ мепайвастанд, алалхусус дар ҷануби Тоҷикистон. 5 майи с. 199227 июни с. 1997 — ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. 27 июни с. 1997 баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нури «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид. Аз 4 июни соли 1997 — 1 апрели соли 2000 Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият намудааст. Дар КОМ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсия (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардид. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он таѓийроту иловаҳо ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалии Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонинтихоб шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали с. 1995 интихобот ба Маҷлиси Олӣ (парламент) барпо гардид 6 ноябр соли 1999, 6 ноябр соли 2006 — Интихоби такрории умумихалқии Эмомалии Раҳмон ба сифати Президенти Тоҷикистон шуда гузаштааст.

27 феврали соли 2000 рузи баргузории интихобот ба Маҷлиси Намояндагон ва 23 марти соли 2000 — интихобот ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣи Ҷумҳурии Тоҷикистонбуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба парламенти касбӣ ташкил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президент Эмомалии Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медоданд, ҷорӣ шуда истодаанд.

Эзоҳ[вироиш]