Таянч Аяйдин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Таянч Аяйдин
тур. Tayanç Ayaydın
Таърихи таваллуд: 7 август 1979(1979-08-07) (41 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2004-то ҳол
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 1784225

Таянч Аяйдин (тур. Tayanç Ayaydın); тав. 7 августи 1979, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи синамо ва телевизиони турк.

Зиндагинома[вироиш]

Ҳунарпеша дар пойтахти собиқи Туркия шаҳри Истанбул таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди ягонаи волидонаш буд. Вай маълумоти ибтидоиро дар коллеҷи Дога гирифтааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи Терсуман ва Мактаби миёнаи Бунёди Истек ба итмом расонидааст. Вай дар ниҳоят Донишгоҳи Мармараи Синанро бо ихтисоси театр хатм кардааст[1].

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Фаъолияти ҳунарии ӯ аз қабул ба шӯъбаи театри Донишгоҳи Мармараи Синон оғоз меёбад, ки онро соли 2001 хатм кардааст. Фаъолиятро дар театр оғоз мекунад. Дар театри Алчер ӯ муддате ҳамчун бармен кор кардааст.

Дебюти ӯ дар телевизион ба соли 2004 рост меояд. Аз он вақт инҷониб, он ба шарофати нақши худ дар силсилафилми "Алия" шинохта шудааст.

Намоиши бомуваффақияти ӯ дар драмаи Бозор - афсонаҳои тиҷоратӣ диққати касро ба худ ҷалб мекунад ва дар соли 2008 ҷоизаи ҷашнвораи синамои Олтин Портакалро барои беҳтарин бозигар ба даст овардааст. Худи ҳамон сол, ӯ ҷоизаи беҳтарин бозигари нақшро дар ҷашнвораи Локарно ба даст овард.

Соли 2020 Таянч дар силсилафилми Yeni hayat нақши марказиро бозидааст, ки нақшҳои асосиро Мелиса Асли Памук ва Серкан Чайоғлу бозидаанд. Силсилафилм бо сабаби рейтингҳои паст дар қисми 9 баста шуд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Дар соли 2011, ӯ бо ҳунарпеша Булут Копук издивоҷ намуд, ки ҳамагӣ 4 моҳ давом кардааст. Дар назди кӯл хона дорад. Аз ӯҳдаи навохтани гитара ва саксофон мебараяд.

Филмнома[вироиш]

Номгӯй Сол Нақш
Yeni Hayat 2020 Темур Каратан
Tek Yürek 2019 Холид Аслон
Ғунчаҳои захмӣ 2017 Эждар
Emanet 2016 Мирзо
Hayat Şarkısı 2016 Ҳусейн Ҷавҳар
Son Bir Dans 2015
Zeytin Tepesi 2014 Ториқ
Aşk Kırmızı 2013 Фарҳод
Sakarya Fırat 2009–2013 Усмон Канат
Büşra 2009 Яман
Ey Aşk Nerdesin? 2009 Сардор
11e10kala 2009
Aşk Yakar 2008 Салим
Pazar - Bir Ticaret Masalı 2007 Миҳрам
Sıla 2006 Абай
Kalbin Zamanı 2004 Ҷамоли ҷавон
Ziyaret 2004
Aliye 2004 Қаҳрамон
Gece Yürüyüşü 2004

Ҷоизаҳо[вироиш]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Tayanç ayaydın kimdir? (9 February 2017). 16 сентябри 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]