Тағоймурод Солиҳов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тағоймурод Солиҳов
Тағоймурод Ҳайитович Солиҳов
Зодгоҳ:

ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва математика

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тағоймурод Ҳайитович Солиҳов (тав. 03.01.1946, ноҳияи Ҳисор), физики тоҷик, доктори илмҳои физика-математика (1998), профессор (2003).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1969 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1972–1975 аспирант, 1975–1983 ходими хурди илмӣ, 1983–1986 ходими илмӣ, 1987–1989 ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон, 1990–1998 дотсент, 1998–2002 профессори кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 2002 ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳамзамон, солҳои 2005– 2008 профессори хориҷии Донишгоҳи илмӣ ва технологии Кохат (Покистон) буд. Оид ба сохтори назариявии хусусиятҳои спектри пароканиши дукаратаи рушноӣ дар наздикии нуқтаҳои бӯҳронии моеъҳо, майдони ҳароратии моеъҳо ва ҷисмҳои сахт дар зери таъсири нури лазерӣ, қонуниятҳои деструксияи полимерҳо дар зери таъсири нури лазерӣ, оптоакустикаи лазерии моеъҳои квантӣ ва классикӣ, инчунин фотоакустикаи ғайрихаттӣ корҳои илмию тадқиқотӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 250 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо роҳбарии ӯ ду нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1989) сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Асосҳои назариявии оптоакустикаи лазерӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2002.

Пайвандҳои беруна[вироиш]