Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Тақсими ҳокимиятҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тасвири муҷассамае, ки таҷзияи қудратҳоро ифода мекунад

Тақсими ҳокимият — назарияи сиёсӣ, доктринаи ҳуқуқӣ ва ниҳоди сиёсии амалӣ мебошад, ки тақсимоти ҳокимияти давлатиро байни шохаҳои аз ҳам мустақил, вале дар айни замон мувозинаткунанда ва назораткунандаи якдигар: қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар бар мегирад.

Ин назария аз ҷониби Ҷон Локк пешниҳод шудааст. Истилоҳро Шарл Луи Монтескйё (фр. séparation des pouvoirs, лот. trias politica) ворид кардааст.

Ликург, расми соли 1828 аз ҷониби Мерри-Ҷозеф Блондел

Яке аз аввалин намунаҳои таърихии тақсими конститутсионии ҳокимият қонунҳои Ликург дар Спарто (асри VIII то м.) мебошанд. Ӯ ваколатҳоро байни шоҳ, ашроф ва маҷлиси халқӣ тақсим карда буд.

Дар империяи Ҳахоманишиён низ намунаҳои тақсими вазифаҳо дида мешуд: қушунҳо ба сатрапҳо тобеъ набуданд ва фармондеҳони ҳарбӣ ҳокимияти маъмурӣ надоштанд.

Дар Руми Бостон ҳокимияти марказӣ ба се қувваи асосӣ: консулҳо, сенат ва комитсияҳо (маҷлисҳо) тақсим шуда буд. Ҳеҷ кадоме аз ин ниҳодҳо наметавонист ҳокимиятро комилан монополия кунад.

Монтескйё ва рушди назария

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рушди минбаъдаи назария бо номи Монтескйё алоқаманд аст. Ӯ дар асари худ «Дар бораи рӯҳи қонунҳо» (1748) қайд мекунад:

«Агар ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия дар як шахс ё ниҳод муттаҳид шаванд, озодӣ нахоҳад буд, зеро хавфи он мавҷуд аст, ки ин монарх ё сенат қонунҳои золимона эҷод карда, онҳоро бо тарзи золимона амалӣ кунад.» — Монтескйё, «Дар бораи рӯҳи қонунҳо», Китоби XI.

Системаи «худдорию мувозинат»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаи мукаммали ин назария дар Конститутсияи ИМА (1787) амалӣ шуд. «Падарони асосгузор» (А. Ҳамилтон, Ҷ. Мэдисон, Ҷ. Ҷей) модели классикиро бо системаи «худдорию мувозинат» (англ. checks and balances) такмил доданд. Ин система имкон медиҳад, ки як шохаи ҳокимият пеши роҳи худсарии шохаи дигарро гирад.

Принсипи тақсими ҳокимият дар кишварҳои мухталиф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумҳурии Федеративии Олмон сохтори федералӣ дорад. Ҳокимият дар ду сатҳ: федералӣ ва минтақавӣ (заминҳо) тақсим мешавад.

Қонунгузор: Бундестаг ва Бундесрат.

Иҷроия: Ҳукумати федералӣ бо роҳбарии Канслери федералӣ. Президент вазифаҳои бештар намояндагӣ дорад.

Судӣ: Суди конститутсионии федералӣ ва дигар судҳои олии соҳавӣ.

Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Федератсияи Русия, ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад.

Президент: Сарвари давлат буда, мувофиқи Конститутсия ба ягон шохаи ҳокимият мансуб нест, вале фаъолияти ҳамоҳангшудаи онҳоро таъмин мекунад.

Маҷлиси Федералӣ: Парламенти Русия (Шӯрои Федерасия ва Думаи Давлатӣ).

Ҳукумат: Мақоми олии иҷроия.

Дар Фаронса низоми нимпрезидентӣ амал мекунад.

Президент: Бо овоздиҳии умумӣ ба 5 сол интихоб мешавад ва ваколатҳои васеъ дорад.

Ҳукумат: Сиёсати миллатро муайян ва амалӣ мекунад ва дар назди Парлумон масъул аст.

Парламент: Аз Сенат ва Маҷлиси Миллӣ иборат аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлати ҳуқуқбунёд

Парламентаризм

Конститутсия

  • Монтескье Ш. Л. Избранные произведения. — М., 1955.
  • Энтин Л. М. Разделение властей: Опыт современных государств. — М., 1995.