Тақсимоти байналхалқии меҳнат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) — Заминаи асосии муттаҳидшавии иқтисодиёти миллии давлатҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ТБМ мебошад. Тақсимоти байналхалқии меҳнат — ин раванди таърихии махсусгардонии давлатҳо дар истеҳсолоти намудҳои муайяни маҳсулот мебошад, ки барои мубодила дар бозори ҷаҳонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ дар намудҳои дигари маҳсулот равона карда шудааст. Иштирок дар ТБМ ба ҳар як давлат имконият медиҳад, ки талаботи худро ба маҳсулоти гуногун бо хароҷотҳои нисбатан кам қонеъ гардонад.

Мафҳум ва моҳияти тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)[вироиш]

ТБМ дар давраи пайдошавиаш яъне асрхои 17-18 ва то охирҳои асри 18 нимаи аввали асри 19 дар бартариятҳои табиӣ асос меёфт: фарқият дар шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии давлатҳои алоҳида самти махсусгардонии онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун муайян мекард. ТБМ бе мубодила вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин асоси объективии мубодилаи байналхалқии маҳсулот, хадамот ва технология, инкишофи ҳамкории истеҳсолӣ, илми-техникӣ, тиҷорати байни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои сохтори иҷтимоӣ мебошад.
Мақсади асосии иштироки давлатҳо дар ТБМ новобаста аз фарқияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиши онҳо барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Самарае ки мамлакатҳо ҳангоми иштирок дар ТБМ ба даст меоранд дар натиҷаи амали шудани қонуни арза ба даст оварда мешавад, ки он дар фарқияти байни арзиши миллӣ ва байналмиллалӣ асос меёбад.
Бартариятҳои ТБМ дар мубодилаи байналхалқӣ дар он зуҳур мешавад, ки ҳар як давлат бо назардошти шартҳои мусоид ба фоидаи дар шакли фарқияти арзиши миллию байналхалқии маҳсулоти содиркунанда ноил мегардад.
Ғайр аз ин ба сарфаи хароҷотҳои дохилӣ бо роҳи даст кашидан аз истеҳсолоти миллии молу хадамот аз ҳисоби воридоти нисбатан арзон меоварад.
Дар баробари ин ҷиҳати дигари иштироки давлатҳо дар ТБМ ин истифодаи имкониятҳои он барои ҳалли проблемаҳои глобалии дар назди одамият буда бо кӯшиши ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Омилҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои ТБМ[вироиш]

Дар шароити ҳозира вобаста ба дараҷаи тараққиёт самти ТБМ ва сатҳи он нобаробар мебошад. Дар давлатҳои тараққикарда истеҳсолот барои истеъмолкунандагони хориҷӣ равона карда шуда, талаботи дохилиашон аз ҳисоби воридот қонеъ гардонида мешавад. Дар давлатҳои рӯ ба инкишоф мақсади асосиашон васеъ кардани бозори дохилӣ мебошад. Ҳамин тариқ, чунин омилҳои таъсиркунанда, ки иштироки мамлакатҳоро дар ТБМ ифода мекунанд, инҳоянд: А) Имконияти бозори дохилӣ. Давлатҳои калон бо бозори мутараққӣ имкониятҳои бештар барои дарёфти омилҳои истеҳсолот ва маҳсулоти истеъмолӣ дар ин бозор доранд. Аз ин сабаб талаботи камтар ба махсусгардонии байналхалқӣ ва мубодила доранд. Аммо дар баробари ин рушди талабот дар давлат ба васеъкунии воридот ва зарурияти ҷуброни он аз ҳисоби васеъкунии содирот меоварад. Б) Сатҳи тараққиёти иқтисодии мамлакат. Ҳар қадар иқтидори иқтисодии давлат камтар бошад, зарурияти иштироки он дар ТБМ бо мақсади пурра қонеъ гардонидани талабот ҳамон қадар зиёдтар аст. В) Таъминоти давлат бо захираҳои табиӣ. Таъминоти баланди давлат бо як намуди захираҳои табиӣ ва инчунин таъминоти пасти он бо дигар намуди захираҳои табиӣ зарурияти иштироки фаъолонаи давлатро дар ТБМ талаб мекунад. Г) Дараҷаи кушод будани иқтисодиёти миллӣ. Бояд дар назар дошт, ки омилҳои номбаршуда дар зоҳирёбии худ мутлақ нестанд. Таъсироти онҳо ба ин ё он дараҷа кам карда мешаванд. Мисол: тағйирёбии рақобатнокии маҳсулоти давлат, маҳдудияти содирот ва ғайра. Асос дар раванди тараққиёти ТБМ дар он аст, ҳар як иштирокчӣ дар он манфиатҳои худро меҷӯяд.

Раванди тараққиёти ТБМ масъалаи баҳисобгирии ҳаҷм ва дараҷаи ТБМ-ро ба миён меорад. Нишондиҳандаҳои ТБМ инҳоянд: 1. Ҳиссаи умумии содирот дар ҳаҷми маҳсулоти умумии истеҳсолкардащуда; 2. Ҳиссаи умумии соҳа дар арзиши умумии содирот; 3. Дараҷаи тараққиёти соҳаҳои махсусгардонидашудаи содироти нисбат ба дараҷаи тараққиёти саноати давлат. Дар сатҳи минтақавӣ ба сифати нишондиҳандаҳои тараққиёти ТБМ чунин нишондиҳандаҳо истифода карда мешаванд. 1. Коэффисиенти рушди гардиши тиҷорати байниҳамдигарӣ нисбати рушди истеҳсолоти чамъиятии давлатҳои алоқаманд. 2. Ҳиссаи гардиши тиҷорати байниҳамдигарӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятии ин давлатҳо. 3. Коэффисиенти пешравии рушди гардиши тиҷоратӣ нисбати рушди умумии гардиши тиҷорати беруна. Баъзе иқтисодчиён ба сифати нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти ТБМ квотаи содиротӣ, воридотӣ, гардиши тиҷорати беруна, ҳиссаи давлат дар тиҷорати байналхалқӣ аз рӯи молҳои алоҳида, гардиши тиҷорати беруна ба ҳар сари аҳолӣ ва ғайраро истифода мешаванд.

Тақсимоти байналхалқии меҳнатро дар аввал тахминан ҳамчун ду манбаи ба ҳамдигар алоқаманд муайян кардан мумкин аст:

  1. «Содиротӣ»: ҳангоме, ки дар мамлакатҳо ва нохияҳои алоҳида хаҷми истеҳсолот аз талаботи дохилӣ барзиёд аст;
  2. «Воридотӣ»: вақте, ки аз ҳисоби воридоти маҳсулот хаҷми истеъмол аз имкониятҳои дохилии истеҳсолӣ зиёд мешавад.

Назарияҳои асосии ТБМ[вироиш]

Назарияхои ТБМ аз давраҳои пеш дар тадқиқотхои олимони иқтисодшинос, ба монанди А.Смит ва Д. Рикардо инъикос ёфта буданд. А.Смит дар тадқиқоти худ «Тадқиқот оиди табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» зарурияти тиҷорати озодро исбот мекард. Ба фикри вай маҳдудиятҳои гуногун дар роҳи тиҷорати озод ба ташаккулёбии тақсимоти меҳнат байни минтақаҳои алоҳида ва давлатҳо монеа мешавад. Бартарафкунии ин монеаҳо ва васеъкунии мубодилаи байналхалқи бояд ба махсусгардонии иқтисодхои милли ва шиддат ёфтани алоқамандии тарафайни онҳо оварад, ки он дар натиҷа ба инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ меоварад. Ғояҳои А. Смитро дигар олимони машҳури иқтисодшинос ба монанди Д.Рикардо, Р. Торенс, Д. Милл давом додаанд. Дастоварди асосии классикон дар назарияи илмии ТБМ назарияи бартариятҳои нисбии Д. Рикардо мебошад. Асоси ин назарияро фарқиятҳои табиии иқтисодиёти миллии мамлакатҳо, яъне фарқиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ, ташкил медиҳанд. Як гурӯҳи давлатҳо бояд саноатро инкишоф диҳанд, дигар гурӯҳи мамлакатҳо бошад дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом махсус гардонида шаванд. Мубодилаи мутақобилаи маҳсулот ба баландшавии сатҳи некуаҳволии ин давлатҳо меоварад. Назарияҳои муосири ТБМ аз тарафи олимони Ғарб кор карда шуда асосан назарияҳо оиди модернизатсияи ТБМ мебошанд. Тадқиқотҳои олимони Ғарбро дар соҳаи модернизатсия шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: 1. Вариантҳои гуногуни консепсияи «баҳамвобастагии давлатҳо»; 2. Тавсияҳои мушахаси нақшаҳои ислоҳоти модели ТБМ-и мавҷудбуда. Ғояи консепсияи «баҳамвобастагии давлатҳо» аз солҳои 70-ум дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ниҳоят васеъ паҳн гаштааст. Он дар навбати худ ҳамчун замина барои ба миён омадани назарияҳои нави ТБМ баромад мекунад. Ғояҳои ин консепсия аз тарафи давлатҳои мутараққии саноатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ баён карда шудаанд. Яке аз намояндагони ин консепсия К. Нувенхузе барои асоснок намудани ғояҳои худ ба омилҳои экологӣ рӯ меоварад, ки барои ҳамаи давлатҳо ягона мебошанд. Ба онҳо номуътадилии муҳити атроф ва маҳдудияти захираҳои замин дохил мешаванд. Ба ақидаи вай вобастагии давлатҳои рӯ ба инкишоф аз давлатҳои мутараққӣ дар техника ва технология, ва давлатҳои мутараққӣ аз давлатҳои рӯ ба инкишоф дар ашёи хом мебошад. Бинобар ин вобастагии мутақобилаи мамлакатҳо аз ҳамдигар вуҷуд дорад. ТБМ низ бояд дар ҳамин вобастагӣ асос ёбад. Дигар иқтисодчӣ Р.Купер (ИМА) низ ба масъалаи баҳамвобастагӣ дар шароитҳои гуногун рӯ меоварад. Ба ақидаи вай чор намуди баҳамвобастагӣ мавҷуд аст:

  • баҳамвобастагии сохторӣ;
  • баҳамвобастагии мақсадҳо дар соҳаи сиёсати иқтисодӣ;
  • баҳамвобастагии омилҳои берунии тараққиёти иқтисодӣ;
  • баҳамвобастагии сиёсӣ.

Ин консепсия дар навбати худ барои кор карда баромадани дигар назария, назарияи ислоҳоти ТБМ асос гардид. Моҳияти назарияи ислоҳоти ТБМ дар он аст, ки давлатҳои рӯ ба инкишоф бояд аз сиёсати протексионистӣ даст кашанд ва ба таври васеъ сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти худ чалб намоянд. Дар замони муосир аксар давлатҳо ғояи ин назарияро истифода мебаранд ва дар натиҷа корхонаҳои муштарак, минтақаҳои озоди соҳибкориро ташкил кардаанд. Асоси амалии ин назария ба фикри иқтисодчиёни Ғарб дар он ифода меёбад, ки самти бароҳмонии сиёсати рушди саноатӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дигар карда шавад. Онҳо бояд дар истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб, омилталаб барои содирот бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои давлатҳои мутараққӣ махсус гардонида шаванд. Мамлакатҳои мутараққӣ бошанд дар навбати худ дар соҳаҳои илмталаб бо истифодаи комёбиҳои прогресси илми-техникӣ махсус гардонида мешаванд. Ин назария пай дар пай дар амал ҷорӣ карда мешавад. Махсусгардонии соҳавӣ бошад дар се қадам амалӣ гардонида мешавад:

  • мамлакатҳои мутараққӣ асосан молҳоеро истеҳсол мекунанд, ки мутахассисони баландихтисос ва технологияи муосирро талаб мекунанд;
  • давлатҳои нисбатан тараққикарда аз қатори далатҳои рӯ ба инкишоф дар истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб ва коркарди ашёи хом махсус гардонида мешаванд. Давлатҳои қафомонда ба ин схема дохил карда намешаванд;

мамлакатҳои мутараққии саноатӣ бошанд диққати асосиро ба истеҳсоли маҳсулоти илмталаб ва сармояталаб ҷалб мекунанд.

Шаклҳои асосии ТБМ[вироиш]

ТБМ дорои сохтори дохилӣ ва усулҳои тараққиёти худ мебошад. Ду шакли асосии ТБМ-ро ҷудо мекунанд:

  1. Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот;
  2. Кооператсияи байналхалқии истеҳсолот.

Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот дар ду самт ташаккул меёбад - истеҳсолӣ ва минтақавӣ. Дар навбати худ самти истеҳсолӣ ба чунин қисмҳо тақсим мешавад:

  • махсусгардонии байнисоҳавӣ;
  • махсугардонии дохилисоҳавӣ;
  • махсусгардонии корхонаҳои алоҳида.

Махсусгардонии минтақавӣ бошад ба чунин намудҳо тақсим мешавад:

  • давлатҳои алоҳида;
  • гурӯҳи давлатҳо;

-минтақаҳо.
Ба сифати шаклҳои асосии махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот истифода мешаванд:

  • махсусгардонии предметӣ;
  • махсусгардонии кисмӣ (деталӣ), яъне истеҳсоли қисмхои таркибии як маҳсулот;
  • махсусгардонии технологӣ ё даврӣ, яъне давра ба давра истеҳсол кардани маҳсулоти саноати кимиё;

Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот бо назардошти муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф меёбад. Аммо барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба даст даровардани фоидаи иқтисодии махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот, ноил шудан ба мақсадҳои комплексии иқтисодиёт онро бо кооператсияи байналхалқии истеҳсолот бояд пурра кард.
Кооператсия байналхалқии истеҳсолот ин раванди амиқгардонии муносибатҳои истеҳсолии корхонаҳои мустақили давлатҳои гуногун мебошад. Кооператсияи байналхалқии истеҳсолот барои фирмаҳо имконияти кам кардани хароҷотҳои истеҳсоли ва гардиши молро медиҳад, ки дар натича ба паст кардани арзиши маҳсулот ва рақобатнокии он меоварад.
Кооператсия байналхалқии истеҳсолот шаклҳои гуногун дорад:

  1. Кооператсия байналхалқии истеҳсолӣ-технологӣ, ки ба он дохил мешаванд:
  • пешниҳоди литсензия ва истифодаи хуқуқӣ моликиятдорӣ;
  • кооператсия дар соҳаи сохтмон;
  • мукаммалгардонии идоракунии истеҳсолот.
  1. Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ.
  • Хизматрасонии баъди фурӯш ;

Инчунин се усули асосии бароҳмонии муносибатҳои кооператсиони мавҷуданд: -амалигардонии барномаҳои муштарак; -махсусгардони дар шакли шартнома; - ташкили корхонаҳои муштарак.

Равандҳои байналмиллалигардонӣ, умумибашаригардонӣ ва фаромиллаликунонӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ[вироиш]

Дар зери мафҳуми «байналмиллалигардонӣ» иштироки давлат дар хоҷагии ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад. Ин раванд бо нишондиҳандаҳои гуногун чен карда мешавад: -Нишондиҳандаҳои иштирок дар тиҷорати ҷаҳонӣ ин: Ҳиссаи тиҷорати хориҷӣ - ҳаҷми умумии амалиёти содиротӣ ва воридотии ҳамин мамлакатро бо шариконаш ё ин ки бо ҳамаи иттиҳоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар шакли формула ин ҳисса намуди зерин дорад:

дар ин ҷо

ТХ - ҳиссаи тиҷорати хориҷӣ; С - ҳаҷми содирот; В - ҳаҷми воридот; ММД – ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ. Ҳиссаи тиҷорати хориҷӣ ҳамчун нишондиҳандаи ҷалб карда шудани мамлакат дар тақсимоти байналхалқии меҳнат характери маҳдуд дорад: чунки тавсифи сифатии амалиёти тиҷорати хориҷиро дода наметавонад. Оид ба сатҳи ҷалб шудани мамлакат ба хоҷагии ҷаҳонӣ мувофиқи нишондиҳандаи ҳиссаи воридот метавон баҳо дод: Ҳиссаи воридот кадом қисми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро ташкил кардан ва ҳамчунин маҳдудияти захиравии онро дар истеҳсолоти молҳои зарурӣ нишон медиҳад: Дар шакли формула ин ҳисса чунин навишта мешавад;

дар ин ҷо

Bк - ҳиссаи воридот; B - ҳаҷми воридот; ММД - ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Нишондиҳандаи нисбатан ҳақиқии иштироки мамлакат дар тақсимоти байналхалқии меҳнат: аз ҷиҳати ҷалб намудани захираҳои мамлакати алоҳида ба системаи хоҷагии ҷаҳонӣ нишондиҳандаи ҳиссаи содирот мебошад. Ҳиссаи содирот – сатҳи вобастагии истеҳсолоти хоҷагии миллиро аз фурӯши молҳои дохилӣ дар бозорҳои содиротии мамлакатҳои дигар оид ба истеҳсоли миқдори муайяни молҳо барои фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Дар шакли формула ин ҳисса чунин навишта мешавад:

дар ин ҷо

СК – ҳиссаи содирот; С - ҳаҷми содирот; MMД – ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Ҳар кадар содирот баланд бошад: захираҳои мамлакат ба тақсимоти байналхалқии меҳнат ҳамон қадар зиёдтар ҷалб карда мешаванд. Вусъати ҳиссаи содирот ба фарқияти байни ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва андозаи истеъмол дар дохили мамлакат вобаста аст. Мутобиқи бузургии ҳиссаи содирот самти махсусгардонии мамлакатро дар тиҷорати байналхалқӣ муайян кардан мумкин аст. Масалан: махсусгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси он ки ҳиссаи содироти соҳахои пахтатозакунӣ ва алюминий назар ба ҳисоби миёнаи маҳсулоти миллӣ баланд аст, муайян кардан мумкин аст.
-Нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар ҳаракати байналхалқии сармоя:
а) ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ нисбат ба ММД;
б) ҳаҷми сармоягузориҳои миллӣ нисбат ММД;
в) ҳаҷми қарзи беруна нисбат ба ММД;
г) ҳаҷми пардохтҳо нисбат ба даромадҳо аз содирот.

  • нишондиҳандаҳои иштироки мамлакат дар ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ;
  • нишондиҳандаи иштироки мамлакат дар мубодилаи байналхалқии технология;

Фаромиллаликунонии хоҷагии ҷаҳонӣ бо фаъолияти КФ вобастагӣ дорад. КФ чунин сохтори хоҷагидорие мебошад, ки сармояаш ба як давлат таалуқ дошта ширкатҳои фаръи ва духтариаш дар мамлакатҳои гуногун фаъолият мекунанд. КФ аз нимаи дуюми асри 20 дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омада шумораи ширкатҳои модарии онҳо дар замони муосир ба 50 ҳазор ва шумораи ширкатҳои фаръии онҳо ба 300 ҳазор расидааст. Ширкатҳои модарии КФ асосан дар мамлакатҳои мутараққӣ ва ширкатҳои фаръии онҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ҷойгир кунонида шудаанд. Фаъолияти КФ ҳамзамон хеле васеъ мебошад. Ҳиссаи асосии онҳо ба ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷопон рост меояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ҳар сол зиёда аз 1 трлн. долларо ташкил медиҳад. Шумораи коргарони онҳо ба 73 млн. нафар мерасад.
Дар адабиёти хориҷӣ шаклҳои мухталифи ШФМ мавҷуд аст. Чунин намудхои ШФ-ро ҷудо мекунанд.

  1. Ширкатҳои фаромиллалӣ;
  2. Ширкатҳои глобалӣ;
  3. Ширкатҳои байналмиллалӣ;
  4. Ширкатҳои бисёрмиллалӣ.

ШФ як навъ қувваи муосири ҳаракатдиҳандаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда онро ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал намудааст. Раванди ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал гардидани хоҷагии ҷаҳониро умумибашаригардонӣ меноманд. Моҳиятан ин раванд дараҷаи нисбатан баланди байналмиллалигардонӣ ва инкишофи минбаъдаи он ба ҳисоб меравад. Яъне дар замони муосир хоҷагии ҷаҳонӣ ба бозори ягона барои 10-ҳо ҳазор ШФ мубаддал гардида ҳамаи минтақаҳо барои фаъолияти онҳо кушода мебошанд.
Мақсади ШФ-ҳои муосир дар боробари максимизатсияи фоида максимизатсияи бозор мебошад. Зеро дар акси ҳол рақибони хориҷӣ ҷои онҳоро, на танҳо дар бозорҳои хориҷӣ балки дар бозори миллӣ, забт карда мегиранд. Дар замони муосир бозорҳои ҷаҳонӣ бисёр намуди молҳо аллакай байни ШФ тақсим карда шудаанд: «Айбиэм» -бозори компютеру барномаҳои он, Эксон- бозори маҳсулоти нафт, Макдоналдз- бозори хурокворӣ, Форд ва Ҷенерал моторз –бозори мошинаҳои сабукрав ва варзиш. Ҳамин тариқ ҷиҳати дигари сиёсати максимизатсияи бозор шиддатёбии рақобати байналхалқӣ мебошад. Ин натиҷаи асосии раванди умумибашаригардонӣ мебошад. Азбаски он ба азбайнравии бисёр ширкатҳои миллӣ дар натиҷаи тоб наовардан ба рақобати шадид меоварад қисми зиёди одамон ба муқобили он баромад мекунанд.

Нигаред[вироиш]

Адабиёти истифодашуда[вироиш]

  1. Авдокушин Е.Ф. «Междунардные экономические отношения»: Учебник.-М.:Юристъ, 1999-368 с.
  2. Мировая экономика/ под ред.А.С. Булатова.М.: Юристъ.2000.-670с.
  3. Мировая экономика и международные экономические отношения. /Под редакцией А.С. Булатова, Н.Н. Ливенцева. - М.: Магистр, 2008.
  4. Киреев А.П. Международная экономика. В 2-х ч.-Ч.1. учебное пособие для вузов.-М.: Междунардные отношения, 2000-416 с.
  5. Спиридонов И.А. Мировая экономика: учебное пособие.-М.:ИНФРА-М, 2000.-256с.

Сарчашма[вироиш]