Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Театри миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Театри миллии Тоҷикистон
Санъат саноеъи халлоқ[d]
Таърихи таъсис 2015
Раис Манучеҳр Шарифзода
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Душанбе

Театри миллии Тоҷикистон (номи расмӣ: Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1]) — бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ[2], ки дар шаҳри Душанбе сохта мешавад.

Хишти аввали Театри миллии Тоҷикистонро 17 марти соли 2015[3] Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар фазои тантанавӣ ниҳод[4].

Тибқи лоиҳа Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои театр наздики 3 га замин ҷудо шудааст[5].

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд.

Дар театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда мешавад.

Иншоот дорои 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор хоҳад буд.