ТВ Сафина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Телевизиони "Сафина")
Jump to navigation Jump to search
ТВ «Сафина» (ТВС)
Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»
Мамлакат

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Минтақаи пахш

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин

Замони пахш

шабонарӯзӣ

Забон

асосан тоҷикӣ ва боз русӣ

Маркази идоракунӣ

Душанбе Тоҷикистон

Мавзуи канал

универсалӣ, маъмурӣ

Оғоз

3 сентябри 2005

Ҷойгузиншуда

Шабакаи 2

Бинандагон

тақрибан 20 млн аз тамоми ҷаҳон

Асосгузор

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Молик

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Телевизиони Тоҷикистон

Каналҳои хоҳар

Парчами Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Парчами Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Синамо

Сайт

safinа tj

ТВ «Сафина́», ҳамчунин шинохта ба ТВСHD (Телевизиони «Сафина») — шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон.

Таъсис[вироиш]

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 22 августи соли 2005 дар ш. Душанбе таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад.

Самти асосии фаъолият[вироиш]

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз оғоз фаъолияти худро дар асоси талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи созандаю бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионии суръатбахшандаи раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеъа ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст.

Маъмурият[вироиш]

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси варзида Пиров Маҳмадсаид Шоҳиддинович аввалин директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин карда шуд. Имрўзҳо «Телевизиони Сафина» зери роҳбарию дастгирии директори он Давлатов Лутфулло Саъдуллоевич бо пешниҳоди барномаву намоишҳои рангини гуногунжанри телевизионӣ миёни тамошобинон маҳбубияти хоса пайдо кардааст.[1]

Идораҳои барномаҳои Телевизиони Сафина[вироиш]

Дар МД «Телевизиони Сафина» идора ва шўъбаҳои зерин фаъолият доранд:

- Идораи тиҷорат ва реклама;

- Идораи барномаҳои иттилоотӣ–таҳлилӣ;

- Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ;

- Идораи барномаҳои ҷавонӣ ва варзиш;

- Идораи барномаҳои таълифии «Эҷод»;

- Идораи таҳия ва дубляжи филмҳо;

Намояндагиҳои МД «Телевизиони Сафина» дар шаҳрҳои Қурғонтеппаву Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳри Исфараву маркази вилояти Суғд, Рашт ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ифтитоҳ шуда, бо беҳтарин дастгоҳу таҷҳизоти рақамӣ ва дигар воситаҳои корбарӣ, аз қабили танзимгоҳи рақамӣ, дастгоҳи наворбардории рақамӣ (камера), танзимгоҳи ороишӣ - дизайнерӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» — Давлатзода Зевар Маҳмудӣ (аз июни соли 2015) мебошад.[2]


Online-tv[вироиш]

Online-tv дар сомонаи teleradiocom.tj

Нигаред[вироиш]


Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Таъиноти кадрӣ/Сомонаи Президенти ҶТ
  2. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»