Телеграф
Телеграф (юн.-қад. τῆλε — «дур» + γρᾰ́φω — «менависам») ба василаи ирсол полисҳои электрикӣ мутобиқ бо коди Морз дар тули риштаи симҳои байни шаҳрҳо кор мекунад
Коди телеграф
[вироиш | вироиши манбаъ]Коди Телеграф, дар телеграфия, системаи ишоратхои шарти, ки дар он бар хар як харф ё комбинация хоссаи вояҳои елементарии чароёни електр мувофик меояд.
Телеграф дар асри XXI
[вироиш | вироиши манбаъ]То имрӯз имконияти мубодилаи пайёмҳо таввасути Telex аз сабаби почтаи электронӣ ҳифз шудааст. Дар Русия ва собиқ шӯравӣ алоқаи телеграфӣ то имрӯз вуҷуд дорад. Пайёмҳои телеграфӣ бо ёрии асбобҳои махсус бо номи - модемҳои телеграфӣ қабул ё ирсол мешавад. Ин намуд модемҳо дар шуъбаҳои алоқаи электрикӣ бо компютерҳои фардии операторҳо пайваст шудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бархе аз кишварҳо операторҳои миллӣ ин намуди алоқаро куҳнашуда ҳисобида хидматҳои ирсол ва қабули телеграммаҳоро аз байн бардоштаанд. Дар Нидерланд алоқаи телеграфӣ соли 2004 қатъ гардид. Дар моҳи январи соли 2006 аз ҳама қадимтарин оператори миллии амрикоӣ Western Union дар бораи қатъ кардани алоқаи телеграфӣ эълон кард. Дар ҳоле, ки то ҳол дар Канада, Белжик, Олмон, Шведсия ва Ҷопон ин намуди хидматрасонӣ қабул ва ирсоли пайёмҳои телеграфӣ истифода мешавад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Телеграф. (2011, март 18). Википедиаи русӣ, донишномаи озод. Дарёфт 12:59, 22 март, 2011 аз http://ru.wikipedia.org/?oldid=32877417.