Тобишҳои сафед
Сафед | |
|---|---|
| | |
| HEX | #FFFFFF |
| RGB1 (r, g, b) | (255, 255, 255) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 0, 0, 0) |
| HSV2 (h, s, v) | (0°, 0%, 100%) |
| Дарозии мавҷ | 380–780 нм |
| Басомад | тақр. 385–790 ТҲс |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Тобишҳои сафед рангҳое мебошанд, ки аз сафеди стандартӣ каме фарқ мекунанд. Дар асл, як "сафеди холис" вуҷуд надорад, зеро ранги рӯшноии рӯз вобаста ба ҷой ва шароити ҳаво тағйир меёбад.
Тобишҳои сафед одатан рангҳои хеле равшананд, ки каме ба зард, хокистарранг, кабуд ё дигар рангҳо майл доранд.
Рангҳои веб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зер ҷадвале оварда шудааст, ки дар он тобишҳои ранги вебии сафед нишон дода шудаанд.
| Номи ранги HTML | Намуна | Рамзи сегонаи HEX | |
|---|---|---|---|
| (rendered by name) | (rendered by hex triplet) | ||
| White (Сафед) | #FFFFFF | ||
| Whitesmoke | #F5F5F5 | ||
| White solid | #F4F5FA | ||
| Snow (Барфӣ) | #FFFAFA | ||
| Honeydew | #F0FFF0 | ||
| Mintcream | #F5FFFA | ||
| Azure | #F0FFFF | ||
| Aliceblue | #F0F8FF | ||
| Ghostwhite | #F8F8FF | ||
| Seashell (Садаф) | #FFF5EE | ||
| Beige | #F5F5DC | ||
| Oldlace | #FDF5E6 | ||
| Floralwhite | #FFFAF0 | ||
| Ivory (Оҷгун) | #FFFFF0 | ||
| Linen | #FAF0E6 | ||
| Lavenderblush | #FFF0F5 | ||
Гуногунии ранги сафед
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар фарҳанги тоҷикӣ, якчанд тобишҳои сафед номҳои алоҳида дода шудаанд.
Кофурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Кофурӣ | |
|---|---|
| | |
| HEX | #F4F7F5 |
| RGB1 (r, g, b) | (244, 247, 245) |
| CMYK (c, m, y, k) | (1, 0, 1, 3) |
| HSV2 (h, s, v) | (140°, 1%, 97%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Кофурӣ тобиши хеле равшани сафед аст, ки андаке сабзтоб мебошад.[1]:630 Номи он аз кофур, моддаи сафеди булӯрмонанд, гирифта шудааст.
Оҷгун
[вироиш | вироиши манбаъ]Оҷгун | |
|---|---|
| | |
| HEX | #FFFFF0 |
| RGB1 (r, g, b) | (255, 255, 240) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 0, 6, 0) |
| HSV2 (h, s, v) | (60°, 6%, 100%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Оҷгун ранги сафеди моил ба зард аст, ки номи худро аз оҷ — моддаи дандони ашки фил ё морж, мегирад.
Қаймоқранг
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаймоқранг | |
|---|---|
| | |
| HEX | #FFFDD0 |
| RGB1 (r, g, b) | (255, 253, 208) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 1, 18, 0) |
| HSV2 (h, s, v) | (57°, 18%, 100%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Қаймоқранг ранги сафеди моил ба зард аст,[1]:659 ки дар натиҷаи ҷамъ шудани каротиноидҳо дар маҳсулоти ширӣ, ба монанди қаймоқ, ба вуҷуд меояд.[2]
Марворидӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марворидӣ | |
|---|---|
| | |
| HEX | #EAE0C8 |
| RGB1 (r, g, b) | (234, 224, 200) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 4, 15, 8) |
| HSV2 (h, s, v) | (42°, 15%, 92%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Марворидӣ ранги сафеди гарму каме зардтоб аст, ки ба ранги марворид монанд буда, номи худро аз он гирифтааст.
Симобӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Симобӣ | |
|---|---|
| | |
| HEX | #E5E5E5 |
| RGB1 (r, g, b) | (229, 229, 229) |
| CMYK (c, m, y, k) | (0, 0, 0, 10) |
| HSV2 (h, s, v) | (0°, 0%, 90%) |
|
1. Нормализатсия ба диапазони [0–255] (байт) 2. Нормализатсия ба диапазони [0—100] (байт) | |
Симобӣ тобиши металлии сафеди хокистаритоб аст, ки ба ранги симоб монандӣ дорад. Яке аз навъҳои матоъи тоҷикӣ, беқасаби якранг бо номи сидами симобӣ маъруф аст, ки ҳам ҷилои металлӣ дораду ҳам ранги сафеди хокистаритоб.[3]
Корбурди ин рангро дар адабиёти тоҷик низ дидан мумкин аст:
Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт,
Эй дӯст, биёву бигзар, аз ҳар чӣ гузашт.
Гар майли вафо дорӣ, инак дилу ҷон,
В-ар рои ҷафо дорӣ, инак сару ташт.[4]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Сайфиддин Назарзода; Аҳмадҷон Сангинов; Саид Каримов; Мирзо Ҳасани Султон, eds. (2008). Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ 1. Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ.
- ↑ (2021) «Carotenoids in Milk and the Potential for Dairy Based Functional Foods». Foods 10 (6).
- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 12–13.
- ↑ Абӯсаиди Абулхайр. Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт. Шоирон.