Тоҳираи Саффорзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тоҳираи Саффорзода
طاهره صفّارزاده
Санаи таваллуд:

1936(1936)

Зодгоҳ:

Кирмон

Санаи марг:

номаълум

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир а

Забони осор:

порсӣ

‘’’Тоҳираи саффорзода’’’ аз шоираҳои маъруфи садаи XX ба ҳисоб меравад.

Зиндагинома[вироиш]

Тоҳираи Саффорзода дар соли 1936 дар шаҳристони Сирҷон (аз шаҳрҳои устони Кирмон)ба дунё омад. Падараш Дарвеш Саффорзода вакили додгустарӣ, суханвар ва аҳли қаламу дӯстдори тасаввуфу ирфон буд. Саффорзода даврони дабистону дабиристонро дар зодгоҳаш ба поён расонид ва пас роҳии Теҳрон шуд ва пас аз муддате ба Донишгоҳи Теҳрон рафту дар риштаи забону адабиёти инглисӣ фориғултаҳсил шуд. Ва баъд ба Ингилистон рафту дар чанд ҷаласаи адабӣ ва шеърӣ ширкат намуд ва аз он ҷо барои таҳсилу таҳқиқ ва ҳамкорӣ бо донишгоҳи Айёва ба Амрико рафт. Сурудаҳои Тоҳираи Саффорзода ибтидо арӯзӣ буд, аммо рафта-рафта аз он дур шуд ва саранҷом ба гунаи сабки тоза ва навине даст ёфт, ки аз они худи ӯст ва сурудаҳои ӯро аз дигарон метавон бозшинохт. Порае аз сурудаҳои ӯ рагу бӯи боварҳои ойинӣ ва мазҳабӣ дорад худаш мегӯяд: “Кӯшиши ман ба унвони як шоир ин аст, ки дар замони худ бетараф набошам... бузургтарин вижагии шеъри ман, гароиш ба воқеият ва гурез аз ибҳом ва печидагӣ ва зарофатҳои маснуӣ аст. Аммо таваҷҷӯҳ ба воқеият набояд тахаюли шоиронро дафъ кунад, вагарна гузоришнависиву мақолапардозӣ ва шоирӣ бо ҳам фарқе нахоҳад дошт. Мухотаби шеъри ман шумо ҳастед ва ҳар кас, ки зинда аст, зинда ба мафҳуми декартии он: ҳар кас, ки андеша мекунад, шеърро ба унвони як унсури ҳаётӣ арзиш мегузорад. Лозиман вазифаи шоир ҳамзабонӣ бо хонанда нест, балки боло бурдани сатҳи салиқаву огоҳи ва фарҳангӣ ӯст. Шеъри имрӯз илова бар муҳтавои зиндагии имрӯз бояд ба таҷрибаҳои мутанавее дар шеваи баён бирасад. Мактаб ҷавон аст. Ҳар шоире бояд ироаи намунаҳои тоза бар маҷмӯаи ин мактаби ҷавон биафзояд, то ба тадриҷ низоми хосе пайдо шавад. Дар мавриди шеъри Тоҳираи Саффорзода бояд гуфт, ки ҳаракати шеърии ӯ нигарише навқудамоӣ аст ва бо таваҷҷуҳ ба ошноии ӯ бо ҳунар ва адабиёти Ғарб ҷарақаҳои модерне дар шеъри ӯ ба чашм мехӯрад ва ба таври куллӣ вижагиҳои шеъри ӯ иборатанд аз: 1. Нигариши равшанфикрона ва инсонмадоронаи тавъам бо мояҳои динӣ ва устураӣ. 2. Баёне насргунаву ривоӣ ва баҳрагирӣ аз танзи талхи иҷтимоӣ. 3. Таваҷҷуҳ ба фурмҳои шеърии Ғарб. Дар ашъори баъдӣ бавижа “Байат бо бедорӣ” ва “Дидор дар субҳ” шеъри ӯ рангу бӯи шеъри сиёсию иҷтимоӣ мегирад.

Осор[вироиш]

“Раҳгузари маҳтоб”, “Чатри сурх”, “Танини дар Делто”, “Садду бозувон”, “Сифри панҷум”, “Ҳаракат ва дирӯз”, “Байъат бо бедорӣ”, “Мардони мунҳанӣ”, “Дидор дар субҳ”. Достон: “Пайвандҳои талх”. Пажӯҳиш: “Усул ва мабонии тарҷума”

Намунаи ашъор[вироиш]

Такдарахт

Такдарахтам ман
Дар ин ҳомуни паҳновар.
Дар ин дашти малоловар
Маро ёрони ҳампо нест.
Навои меҳрбори ҷӯйборон,
Бонги нӯши чашмасорон
Дар фазое дур мемирад
Ва гӯши ман
Пур аст аз нағмаҳои хушки танҳоӣ –
Дар ин саҳро маро ёрони даҳшатзост.
Тагарги дарду абри биму рагбори ҷунуномези
ҳирмонҳо
Дарунам зӯзаи гургони танҳоӣ
кунад ғавғо
Дар ин торикии шабҳо
Дилам равшан намегардад зи пиндори саробулдаи фардо.
Напояд пои ман дар гил
Намонам дергоҳ ин ҷо.
Сипоҳи абр наздик аст,
Дар ин дам ё дами дигар
Барояд раъду барқи ҳасрати беҳамзабонӣ,
То бисӯзонад тавонамро
Ва хокистар кунад ин ҳастии гунг –
ин сукути ҷовидонамро.

Манбаъ[вироиш]

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ – 335