Тоҷиддин Муҳиддин
Таърихи таваллуд | 2 феврал 1949 |
---|---|
Зодгоҳ | Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 10 январ 1997 (47 сол) |
Маҳалли даргузашт | Мортеппа,ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурӯҳ | Ансамбли эстрадии «Гулшан» |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1979) |
Тоҷиддин Муҳиддинов (2 феврали 1949, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 10 январи 1997, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1978)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактаби ҳунарии махсус нахондааст, аз баракати истеъдоду заҳматписандӣ ба қуллаи мурод расид. Солҳои 1965—1967 корманди Хонаи маданияти ноҳияи Ҳисор, 1967—1975 сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1975—1992 овозхони ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Сурудаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Садои дилнавоз ва таронаҳои сеҳрангез варо азизи гӯшҳо ва дилҳо гардонданд. Ба эстрадаи тоҷик рангу бӯи тоза бахшид. «Як ханда кун эй гул», «Фироқи ёр», «Шодиён», «Ҷони ширин», «Эй боди бомдодӣ», «Коми дил», «Санам», «Тарки ёрӣ», «Хуморӣ мешавад», «Фалак», «Сухан аз даҳонам афканд», «Республикаи ман», «Баҳори умр», «Модар», «Сухани ошиқ», қариб шаст суруду тарона аз ӯ ба ёдгор мондаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Ҳисор собиқ кӯчаи «Редакционная» Филармонияи халқии шаҳри Ҳисор низ номи ба номи Тоҷиддин Муҳиддиновро дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон / Ҳ. Ҳамроев // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳиддинов Тоҷиддин / И. Раҳимов // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.