Тоҷикон (китоб)
Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008.- 870 с. Муаллифи китоб - академики Академияи илмҳои ИҶШС Бобоҷон Ғафуров.
Чунончи, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад: "Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷӯм ва шашӯмро дар бар кардааст: фасли панҷӯм таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашӯм аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд."[1]
Китоби "Тоҷикон" - ба забонҳои русӣ ва форсӣ низ якчанд маротиба таълиф шудааст.
Суханони ҷолиб[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз хотираҳои А. М. Гребнев , мушоври коршиноси Б. Ғ. Ғафуров (1969-1977)
…Дар соли 1968, агар хотираам фиреб накунад, масъалаи навиштани китоби нав ё нашри чоруми «Таърихи халқи тоҷик» ба миён омад. Вақте ки навбати суҳбат ба ман шуд, гуфтам: «Китоби нав нависед». Он гоҳ он касс дар ҷавоб гуфтанд: «Оё шумо розӣ ҳастед, ки муҳаррири масъули он бошед?»Роҳбарони яке аз ҷумҳуриҳои осиёмиёнагӣ аз нашри китоби «Тоҷикон» сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба унвони КМ КПСС навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Б. Ғ. Ғафуров маҳкум карда шавад. барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро сафарбар намуданд. Тақризи онҳо интишор нашуд.
- Ба интихоби номи китоб шурӯ кардем. Б. Ғ. Ғафуров пешниҳод кард
«Тоҷикон» меномем. Ва он ки хатари он вуҷуд дошт, ки дигарон метавонанд озурда гарданд…— http://bgafurov.blogspot.nl/ Бобоҷон Ғафуров
Аз Ҷалолиддини Сиддиқӣ, профессор, устоди Донишгоҳи Кобул
Китоби «Тоҷикон» дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бодиққати олимона баён доштааст.— http://bgafurov.blogspot.nl/ Бобоҷон Ғафуров
Аз Ричард Фрай, таърихнигори амрикоӣ
Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст.— http://bgafurov.blogspot.nl/ Бобоҷон Ғафуров
Аҳамияти оламшумули таърихии китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон», соли 1998 чунин омадааст:
Вай (яъне Бобоҷон Ғафуров), - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон - бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт.— [2]
Таълифоти китоби "Тоҷикон"[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. – М.: Наука,1972. – 658 с.;
- Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. - Душанбе, 1973; Китоби 2, Душанбе, 1985;
- Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 1998. - 870 с.;
- Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008. - 870 с.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. – М.: Наука,1972. – 658 с.
- Б. Ғафуров.Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1, 2. - Душанбе, 2008, 870 с.(пайванди дастнорас)
Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008. - C.10
- ↑ Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008. - C.5