Ориёнбонк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тоҷикпромстройбанк)
«Ориёнбонк»
Шакл Ҷамъияти саҳҳомӣ
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис 1925
Номҳои пешина БСТССТ «Ориёнбонк»
Макон  Тоҷикистон: Душанбе
Вебгоҳ orienbank.tj

«Ориёнбонк» (номи пурра Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк») — яке аз бонкҳои Тоҷикистон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» яке аз бонкҳои куҳантарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Моҳи апрели соли 1925 дар шаҳри Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Промбанк кушода шуд.

Дар ибтидои солҳои сиюм дар мамлакат бонкҳои махсусгардонидашудаи маблағгузориҳои дарозмуддат, аз ҷумла Бонки маблағгузорӣ ва қарздиҳии сохтмони асосӣ, саноат, нақлиёт ва алоқа — Промбанк, ташкил карда шуданд.

Дар соли 1959 бонкҳои махсусгардонидашудаи мавҷудбуда барҳам дода шуда, вазифаҳои онҳо ба зиммаи Стройбанк ва Госбанк вогузор гардиданд. Ба Стройбанк вазифаҳои маблағгузории саноат, нақлиёт, алоқа, маблағгузории як қатор вазоратҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, кооперативҳои сохтмони манзил ва сохтмони манзили инфиродӣ дар шаҳрҳою шаҳракҳои коргарон вобаста карда шуда буд.

Дар охири солҳои 80-уми асри XX Стройбанк ва Госбанк аз нав ташкил карда шуда, дар асоси онҳо Госбанки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои махсуси ҳамагонӣ, аз ҷумла, Бонки давлатии саноату сохтмони Тоҷикпромстройбанк, ки барои хдматрасонии комплексии тамоми муассисаҳои саноати ҷумҳурӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, комплекси гармию энергетикии ташкилотҳои сохтмонӣ, таъмини муассисаҳои савдою нақлиёт, инчунин корхонаҳои Вазорати алоқа пешбинӣ шуда буд, ташкил карда шуданд.

Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил дода шуд ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ — тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон «Ориенбонк» мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт.

5 апрели соли 2002 БСТССТ «Ориёнбонк» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» табдил дода шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • orienbank.tj — вебгоҳи расмии Ориёнбонк