Jump to content

Туҳфаи хонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Туҳфаи хонӣ», «Таърихи Раҳимхонӣ» — асари таърихии Муҳаммадвафои Карминагӣ.

Он воқеаҳои таърихии замони Абулфайзхони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1711—1747)-ро то фурӯ нишондани шӯриши қабилаҳои туркман (сариқҳо, солорҳо ва текеҳо) дар Чорҷӯй дар бар мегирад, Қиссаи асосии китоб ба таърифу тавсифи сулолаи Манғития оид аст. Асар ба забони форсӣ таълиф шуда, онро Ниёзқулибеки Қаршигӣ рӯнавис карда, воқеаҳои таърихии то соли 1782-ро илова намудааст.

  • Тӯҳфаи хонӣ / А. Мухторов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).