Азамат Тӯраев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тӯраев Азамат)
Азамат Тӯраев
Азамат Анварович Тӯраев
Таърихи таваллуд 20 декабр 1971(1971-12-20) (52 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Табаият Парчами Тоҷикистон
Жанр рассоми саҳнаоро

Азамат Анварович Тӯраев (Тав. 20.12.1971, ш. Душанбе) — рассом. Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (2006). Фарзанди Коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм» Анвар Тӯраев.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Азамат Анварович Тӯраев дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов таҳсил намудааст (1989–1994). Рассоми саҳнаорои киностудияи «Тоҷикфилм» (1995–1999), рассоми Агентии рекламаи «Абрис-дизайн» (1999–2001). С. 2001–06 дизайнер-ороишгари сохтмони сафорати ИМА дар Тоҷикистон Аз с. 2006 – дар киностудияҳои гуногуни ИДМ аз рўи қарордод бо гуруҳҳои филмбардор ба ҳайси рассоми саҳнаоро, рассоми ҷиҳозот ҳамкорӣ мекунад. Дар офаридани фильмҳои «Лунный папа» («Падари моҳтобӣ», 1999), «Шик» («Қашанг», Россия – Олмон – Швейсария, 2003), «Родина ждет» («Ватан интизор аст», 2003), «Танкер «Танго» (2006) саҳм гузоштааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6