Тӯрақул Зеҳнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тӯрақул Зеҳнӣ
Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов)
Санаи таваллуд:

1892(1892)

Зодгоҳ:

Самарқанд, Ӯзбекистон  СССР

Санаи марг:

10 апрел 1983(1983-04-10)

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

шоир, адабиётшинос, луғатшинос

Солҳои эҷод:

1919—1983

Самт:

реализми сотсиалистӣ

Жанр:

ҳикоя

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) - (1892 - 1983), шоир, адабиётшинос ва забоншинос, маорифпарвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) соли 1892, дар м.Галаосиёи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд (1905), дар курси яксолаи таълим ва тарбия (1918-1919) таҳсил кардааст. Муал. заб. ва адаб. тоҷ. дар мак. ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ (1919-1925), муҳар. шӯъбаи Нашр. давл. Тоҷ. дар Самарқанд (1926-1932), муал. заб. ва адаб. тоҷ. Техн. пед. Самарқанд (1932-1936), муал. таълими методикаи форсӣ дар УДС ба номи А.Навоӣ (1940-1945). Тӯли 9 сол бо тӯҳмат дар бадарғаи Сибиру Қазоқистон буд. Аз с. 1956 то охири умр Ходим, ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон.

Эҷодиёт[вироиш]

Фаъолияти эҷодиаш ҳамчун шоир оғоз ёфтааст (1919-1920). Ашъори ҳаҷвӣ, мақолаҳои танқидиаш бо тахаллусҳои “Сомонӣ”, “Рустам”, “Мушфиқӣ”, “Қӯчқор”, “Мулло” дар маҷ. ва рӯзн. “Шӯълаи инқилоб”, “Дониш-биниш”, “Раҳбари дониш”, “Барои адабиёти сотсиалистӣ”, “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик” чоп шудаанд. Зиёда аз 300 мақолаи илмӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таър. адаб. класс. ва сов. тоҷ., роҷеъ ба илмҳои адабиётш., фолклорш. ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аввалин тарҷ. повести Н.В. Гогол “Шинел” (1928).

Яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна:

  • “Омӯзиш” (1928, бо ҳамқаламии В.Маҳмудӣ),
  • “Сарфи забони тоҷикӣ” (бо ҳуруфи форсӣ, 1930, 1933, бо ҳамқаламии Б.Ҳоҷизода ва Л.Бузургзода),
  • “Сарф” (бо ҳуруфи лотинӣ, 1935 бо ҳамқаламии Ҳамид Бақозода),
  • “Таронаҳои бачагон” (1927),

муаллифи китоби

  • “Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ” (1963) ва нашри такмилёфтаи он “Санъати сухан” (1970, 1979), соли 1992 чопи 3-юм бо иловаи “Қофия”,
  • “Чанд сухани судманд” (1984) аз ҳаёти Нақибхон Туғрал, С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Шоҳназар Соҳибов.

Яке аз мураттибони

  • “Фарҳанги забони тоҷикӣ”,
  • “Гулу сунбул” (1963),
  • “Суханварони сайқали рӯи замин” (бо хамқаламии Садри Саъдиев, 1973),
  • “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ” (1987).[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.52 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6 (тоҷ.)